Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо ҷашни 31-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мардуми кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфт. Сарвари давлат дар Паёми шодбошии худ гуфт, истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид. “Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мардуми кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфт.

Сарвари давлат дар Паёми шодбошии худ гуфт, истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид.

“Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд”, – ёдовар мешавад Э. Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, “истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда ва бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд”.

Ӯ “аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати милли”-ро муҳимтарин дастоварди се даҳсолаи гузаронидаи кишвар муаррифӣ кард.

Сарвари давлат гуфт,  “бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем”.

“Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми мамлакат таъмин гардид. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад”, – таъкид кард сарвари давлат.

Гуфта мешавад, “дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем”.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки ҳоло Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди низоми давлатдории интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ин паёми шодбошиаш ба сокинони мамлакат хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ҷовидона орзу намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.