Мардуми Тоҷикистон се рӯз истироҳат мекунанд, донишҷӯёну хонандагон не

Се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марбут аст. Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз – 9, 10 ва 11 – уми сентябр истироҳат мекунанд, вале донишҷӯён ва хонандагони синфҳои 5 то 11 рӯзи 10 сентябр ба дарс мераванд. Дар ин бора Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар ба […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марбут аст.

Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз – 9, 10 ва 11 – уми сентябр истироҳат мекунанд, вале донишҷӯён ва хонандагони синфҳои 5 то 11 рӯзи 10 сентябр ба дарс мераванд. Дар ин бора Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марбут аст.

“Ид ба рӯзи корӣ рост меояд, яъне 9 –уми снетябр пурра дар кишвар истироҳат аст. Нафароне, ки ҳафтаи 5 рӯзаи корӣ доранд, шанбе ва якшанбе истироҳат мекунанд ва онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, рӯзи шанбе корӣ аст”,- гуфт Неъматзода.

Маликшо Неъматзода афзуд, рӯзи 10 сентябр барои донишҷӯёну хонандагони синфҳои 5-11 истироҳатӣ нест ва онҳо ба таври маъмулӣ бояд ба дарс раванд.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.

“Дар ҳолати имсола рӯзи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба рӯзи ҷумъа-корӣ рост омад ва танҳо худи рӯзи ҷашн истироҳатӣ асту халос”, – гуфт раиси Иттифоқҳои касаба.

Аз Вазорати маориф ва илм ҳам тасдиқ карданд, ки рӯзи 10 сентбяр барои донишҷӯён ва хонандагон синфҳои болоии 5-11 дарсӣ аст ва онҳо бояд ба дарс ҳозир шаванд.

Рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҷлил карда мешавад ва мутобиқи қонунгузорӣ ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 70 идҳои гуногун бо шумули идҳои байнулмилаливу касбӣ, давлатӣ ва динӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.