“Бо ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба мезананд”. Изҳороти 5-уми Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

Asia-Plus

Бо “Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд”, – зикр мегардад дар изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Таъкид мешавад, ки “тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст”.

Ҳамчунин, дар ин изҳорот аз он нигаронӣ карда мешавад, ки “ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст”.

Ёдовар мешавем, ки ин изҳороти панҷуми Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аст, ки давоми рӯз нашр мешавад. Қаблан низ ин ниҳод вобаста ба вазъи сарҳад чор маротиба изҳорот пахш кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз нисфирӯзӣ президентҳои ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мулоқот карда, дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад.

Қабл аз он, роҳбарони КДАМ-и ду давлат Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев низ мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод ва то ҳол дар хусуси кушташудаҳо ва захмиён маълумоти дақиқ ироа нашудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...