Ятимов ва Тошиев барои эълони оташбас мувофиқа карданд

Пас аз даҳ соати даргирии мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз раванди гуфтушунид навиштааст, ки гурӯҳи корӣ бо […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Пас аз даҳ соати даргирии мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз раванди гуфтушунид навиштааст, ки гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод", дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрдаанд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ширкат варзиданд.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад, – гуфта шудааст дар иттилоия.

Ҷониби Тоҷикистон аз замони мушаххаси оташбас иттилоъ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки имрӯз, соати 16:00 бо вақти Бишкек ва 15:00 бо вақти Душанбе, тирпаронӣ қатъ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.

Мақомоти Қирғизистон аз захмӣ шудани 42 нафар хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.