Ронандаи дағалгуфтор 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд

Алишер Бобоев, як ронандаи хатсайри автобуси №43, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба як мусофир рӯзи 14-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Дар хабар гуфта мешавад, ки нисбати Алишер Бобоев бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъурии […]

Алишер Бобоев, як ронандаи хатсайри автобуси №43, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба як мусофир рӯзи 14-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки нисбати Алишер Бобоев бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, Суди ноҳияи Фирдавсӣ ӯро 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт.

Ин ронанда бинобар тезонидани суръати ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва ба якборагӣ боздоштани он, мусофиронро аз по афтонида буд.

Рафтори ронанда боиси эътирози мусофирон гардид ва яке онҳо аз Алишер Бобоев хост, то нақлиётро оҳиста ронад. Ронанда аз ин эроди мусофир ба хашм омада, ба сари ӯ даст бардошт.

Навори муноқишаи ронанда 14-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва вокуниши шаҳрвандонро ба бор овард.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба пулис муроҷиат карда, талаб намуданд, ки нисбати Алишер Бобоев чора андешад.

Ҳамон рӯз "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар дода буд, ки ин амали Алишер Бобоевро дар ҳузури ҳамкоронаш баррасӣ карда, ӯро бар асоси моддаи 42, қисми 17-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон аз кор озод карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.