Аҳмад Масъуд: Ҷангҳои ахири Панҷшер иродаи моро қавӣ мекунад!

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вокуниш ба кушта шудани шуморе аз ҳамсафони худ дар Панҷшер, мегӯяд, ки мубориза алайҳи толибон бо азм ва иродаи ҷиддитар идома хоҳад кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 15-уми сентябр, дар як паём савтӣ гуфт, чанд ҳамсафи ӯ “дар як ҷанги нобаробар дар муқобили зулми мутаҷовиз ва ҷаҳлу торикӣ […]

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вокуниш ба кушта шудани шуморе аз ҳамсафони худ дар Панҷшер, мегӯяд, ки мубориза алайҳи толибон бо азм ва иродаи ҷиддитар идома хоҳад кард.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, 15-уми сентябр, дар як паём савтӣ гуфт, чанд ҳамсафи ӯ “дар як ҷанги нобаробар дар муқобили зулми мутаҷовиз ва ҷаҳлу торикӣ қарор гирифта” кушта шуданд.

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимат афзуд, ки ин рӯйдод "азму иродаи моро маҳкамтар, бовар ва роҳи моро равшантар месозад".

Масъуд дар паёмаш афзуд, ки ҷангҳои ахир "дурӯғи Толибонро* ифшо кард, ки мегуфтанд, муқовимат ва ҷанге дар Панҷшер вуҷуд надорад."

Ӯ афзуд, ки нерӯҳои Ҷабҳа дар “ҷанги нобаробар” дар муқобили “зулм ва мутаҷовиз” муборизаро идома медиҳанд ва ин муқовамат бар зидди Толибон дар ҳоли густариш аст.

"Шаҳидони мо бо хуни худ чеҳраи саффок ва воқеии Толибонро ошкор сохтанд. Гурӯҳе, ки на ба Худо бовар доранд, на ба дунболи ислому шариат ҳастанд ва на аз дину ислом чизе мефаҳманд. Гурӯҳе, ки на бовар ба қонунҳои инсонӣ ва исломӣ доранд ва на эҳтироме ба қонунҳои байнулмилалӣ", – иброз дошт Аҳмад Масъуд.

Ӯ аз мардум ва уламои Афғонистон хост, ки сукут накунанд ва алайҳи ин гурӯҳ садои худро баланд намоянд.

Ҳамчунин, роҳбари Ҷабҳа аз созмонҳои ҳуқуқи башар, Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳо хост, ба чунин ҷиноятҳое, ки ҳазинаи сангине барои мардум, миллат ва кишвараш дорад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд.

Аҳмад Масъуд гуфт, ин созмонҳо бо маҳкум карданҳои катбӣ (навишторӣ) иктифо накунанд ва тасмимҳое бигарданд, ки натиҷаи он пешгирӣ аз ҷиноятҳои ваҳшатнок бошад.

Ҷабҳаи муқовимат ахиран кушта шудани 11 нафар, ба шумули Абдулмалик Обид ва Муҳаммадёр, аз фармондеҳон ин Ҷабҳа дар Панҷшерро таъйид кард.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддао кард, ки 40 узви Ҷабҳа муқоваматро дар Панҷшер кушта, ва беш аз 100 узви дигарашро боздошт кардаанд.

Ҷабҳаи муқовамат низ таъкид менамояд, ки беш аз 70 ҷангҷӯи Толибон, аз ҷумла муовини фармондеҳи ин гурӯҳ дар вилоятҳои Панҷшеру Андаробҳо, дар ҷангҳои ахир кушта шудаанд.

Бояд гуфт, ки дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Кобул, гузоришгари вижаи ин созмон дар умури ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва бархе аз сафирони кишварҳои аврупоӣ Толибонро ба иртикоби "ҷинояти ҷангӣ" дар Панҷшер муттаҳам кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол Аҳмад Масъуд дар шаҳри Венаи Австрия барои иштирок дар  ҳамоиши “Нишасти Вена” қарор дорад ва дар назар аст, онҷо бо чеҳраҳои муҳими сиёсии Афғонистон ва мухолифони Толибон дидор намуда, ояндаи муқовимат бо ин гурӯҳро баррасӣ кунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.