Аҳмад Масъуд дар Аврупо. Аввалин гирдиҳамоии мухолифони Толибон*

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои иштирок дар  ҳамоиши “Нишасти Вена” ба давлати Австрия сафар кардааст. Дар ин бора Алӣ Майсам Назарӣ, масули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар саҳифаи Твиттери худ хабар дод. Ӯ навишт, 15-уми сентябр, “Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳамоиши “Нишасти Вена” иштирок ва суханронӣ хоҳад […]

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои иштирок дар  ҳамоиши “Нишасти Вена” ба давлати Австрия сафар кардааст. Дар ин бора Алӣ Майсам Назарӣ, масули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар саҳифаи Твиттери худ хабар дод.

Ӯ навишт, 15-уми сентябр, “Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳамоиши “Нишасти Вена” иштирок ва суханронӣ хоҳад кард”.

Ҳамчунин, Алӣ Майсам Назарӣ иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш 30 чеҳраи сиёсии Афғонистон, ки бо Толибон мухолифат доранд, иштирок мекунанд.

Хабаргузории “Aamaj News” исми чанде аз иштирокчиёни ин ҳамоишро ошкор кард. Он навишт, дар ин ҳамоиш ба ҷуз аз Аҳмад Масъуд, ҳамчунин Раҳматуллоҳ Набил, сардори собиқи Хадамоти бехатрии Афғонистон, Залмай Расул, Рангин Додфар Спанто, вазирони собиқи корҳои хориҷии Афғонистон, Шукрия Баракзай, сафири собиқи Афғонистон дар Норвегия, Фавзия Куфӣ, аъзои ҳайати ҷумҳурӣ дар гуфтушунид бо Толибон, Сайёд Тайиб Ҷовид сафири собиқи Афғонистон дар Русия, Маҳмуд Сайқал, намояндаи доимии собиқи Афғонистон дар СММ иштирок хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, дар мавриди иштироки чеҳраҳои саршиноси Афғонитони то суқут, аз ҷумла Ато Муҳаммади Нур, Абдулрашид Дӯстум, Исмоилхон, Амруллоҳ Солеҳ ҳеҷ иттилое дода намешад.

Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш бо ибтикори Донишкадаи равобити байналмилалии Австрия ташкил шуда, се рӯз давом меёбад ва зимни он асосан муқовимати сиёсӣ ва низомӣ алайҳи Толибон баррасӣ хоҳад шуд.

Алӣ Майсам Назарӣ дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки ин “нишаст нахустин  минбарест, ки мухолифони Толибон дар он гирди ҳам меоянд ва дар мавриди Афғонистони сулҳомез ва демократӣ баҳс мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки рас аз суқути Афғонистон, ин нахустин бор аст, ки пойтахти яке аз кишварҳои ғарбӣ аз чеҳраҳои мухолифи Толибон мизбонӣ мекунад.

То ин дам, Норвегия ва Ӯзбекистон бо ташкили конфронс расман ба Толибон минбар дода буданд, то ин гуруҳ худро муаррифӣ намояд, аммо ба андешаи аксари коршиносон, Толибон натавонистанд касеро ба пойбандии худ ба қавонини байналмилалӣ ва тавони ташкили ҳукумати ҳамашумул бовар кунонанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.