Ронандаи дағалгуфтор аз кор озод шуд

Алишер Бобоев, як ронандаи хатсайри автобуси №47, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба як мусофир субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, аз кор озод карда шуд. Дар ин бора "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, мақомоти дахлдор амалкарди Бобоевро дар ҳузури ҳамкоронаш баррасӣ карда, ӯро дар асоси моддаи 42, қисми 17-и Кодекси меҳнати […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Алишер Бобоев, як ронандаи хатсайри автобуси №47, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба як мусофир субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, аз кор озод карда шуд. Дар ин бора "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, мақомоти дахлдор амалкарди Бобоевро дар ҳузури ҳамкоронаш баррасӣ карда, ӯро дар асоси моддаи 42, қисми 17-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, аз кор озод кардаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Алишер Бобоев ҳангоми рондани автобус дар хатсайри №47 суръати ҳаракатро баланд карда, якбора онро нигоҳ медорад, ки дар натиҷа, чанд нафар мусофир аз по меафтанд. Яке аз мусофирон аз ӯ хоҳиш мекунад, ки суръати автобусро паст кунад, аммо ронанда дағалгуфторӣ карда, ба ӯ ҳамла менамояд.

Дар шарҳи навори мазкур, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти марбута талаб карданд, ки ин қабил ронандагонро ба ҷавобгарӣ кашида, аз кор озод намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.