Сарбози дуввуми кушташударо дар Бохтар ба хок супориданд

Дирӯз, 15-уми сентябр, Аслан Менеқулови 19-сола, сарбози дуввуми кушташуда дар муноқишаи марзии рӯзи 14-уми сентябри соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар, ба хок супориданд. Дар ин бора бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Бохтар хабар додааст. Манбаъ бо нашри як акс аз маросими бахоксупории ин сарбоз навиштааст, ки Аслан Менеқулов […]

Дирӯз, 15-уми сентябр, Аслан Менеқулови 19-сола, сарбози дуввуми кушташуда дар муноқишаи марзии рӯзи 14-уми сентябри соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар, ба хок супориданд. Дар ин бора бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Бохтар хабар додааст.

Манбаъ бо нашри як акс аз маросими бахоксупории ин сарбоз навиштааст, ки Аслан Менеқулов зимни адои хизмати ҳарбӣ, баҳри ҳимояи хоки Ватан, дар хати сарҳади шаҳри Исфара, дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ ҳалок гардад.

Гуфта мешавад, ки Аслан Менеқулов 3-юми  августи соли 2003, дар шаҳри Бохтар, ба дунё омада, соли 2021 ба артиш ҷалб шуда буд.

Дирӯз, ҳамчунин, Сафаралии Ҳасани 23-сола, сарбози дигари кушташуда дар пайи тирпаронии рӯзи 14-уми сентябро дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеъ ба хок супориданд.

Гуфта мешуд, ки Сафаралӣ тирамоҳи соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ рафтаву то анҷоми муҳлати хидматаш ду ҳафта боқӣ монда буд.

Дар бораи ин ду марзбони кушташуда ҷузъиёти бештар дода намешавад.

Дафни ду сарбози кушташуда дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки бар асари он, то зӯҳр як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.