Эътирозоти занон дар Эрону Афғонистон чӣ ҳаммонандие доранд?

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар даҳ рӯзи гузашта аз ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ ва эътирозҳои ахир дар шаҳрҳои Эрон ин рӯйдодҳо аз зовияҳои мухталиф мавриди таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон низ қарор гирифтааст ва ба он вокуниш нишон додаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирозҳои занон дар Эрон аз зовияҳои мухталиф бо эътирозҳои беш аз як сол пас аз рӯйи кор омадани Толибон* дар Афғонистон муқоиса шудааст.

Ҳаштеги #Маҳсо_Аминӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ субҳи дирӯз, 26-уми сентябр аз марзи 100 миллион гузаштааст.

Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини идораи Амният миллии Афғонистон ва яке аз номзадҳои охирин дар интихоботи риёсати ҷумҳури Афғонистон бо ишора ба эътирозҳои ахир дар Эрон гуфтааст, ки «дар ҳар ду кишвар, Афғонистон ва Эрон парчамбардорон ва пештозони мубориза бо ифротияти динӣ/мазҳабӣ занонанд».

Ӯ дар “Твиттер”-и худ навиштааст, ки ин бор ҷавонон ва бавежа занон ба задани (буридани) решаи «ифротият» пардохтанд:

«Ин бор ҷавонон, ба вежа занони Эрон аз “риш”-и охунд гузаштанд ва ба “реша”-и режими охундӣ, ки аз ифротияти динӣ маншаъ мегирад, пардохтанд ва бо шиори “зан, зиндагӣ, озодӣ”, ки дар ҳақиқат роҳ рафтан рӯй аъсоби ифротиҳои динӣ ва фишор овардан болои “мағзи ифротияти динӣ” аст, ба майдони мубориза омадаанд».

Набил афзудааст, ки «агар дар Афғонистони худи мо амалкард ва корномаи яксолаи Толибонро* дар паҳнои ифротияти динӣ мурур намоем, дармеёбем, ки дастоварди ин гурӯҳ аз доираи муҷодила/ситез ва дар банд кашидану  маҳдуд сохтани “зан, зиндагӣ ва озодӣ” фаротар чизи дигаре набудааст!»

Довуд Ноҷӣ, таҳлилгари афғон низ дар “Твиттер”-и худ навиштааст, ки ҳештеги «#Маҳсо_Аминӣ вақте аз 85 миллион гузашт, аз марзи Эрон низ гузашт».

Ӯ афзуд, ки “ҳоло Маҳсо Аминӣ рамзи як таҳаввули амиқ ва маънодор дар кулли Ховари Миёна аст. Таҳаввуле, ки бо рафтани Ҷумҳурии Исломӣ калид хоҳад хӯрд, таҳаввуле, ки ҳанӯз ҳатто наметавонем тасаввур кунем чӣ қадр ҳаётӣ ва ба нафъи мардуми Ховари Миёна аст».

Шабнам Насимӣ, мушовири вазири умури паноҳҷӯёни Афғонистони ҳукумати Биритониё низ дар “Твиттер”-и худ навиштааст, ки «занон дар Афғонистон шиори «нон, кор ва озодӣ» ва занон дар Эрон шиори «зан, зиндагӣ, озодӣ» сар додаанд. Ин шиорҳо ҳуқуқи асосии башарӣ аст. Ҳамбастагии худро нишон диҳед».

«Чаро мардон бо занони мӯътариз дар Афғонистон ҳамроҳӣ намекунанд?»

Ҳамроҳии ҷавонон ва ҳама қишрҳову қавмҳои ин кишвар дар канори занон, дар ҳафтаи гузашта, мавриди таваҷҷуҳи шумори зиёди корбарон дар шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон қарор гирифта, дар ҳоле, ки дар ҳимоят аз занони мӯътариз дар Кобул, мардон ононро ҳамроҳӣ накардаанд.

Саҳро Каримӣ, коргардон ва раиси пешини идораи «Афғонфилм» дар “Твиттер”-и худ дар мавриди Маҳсо Аминӣ ва эътирозҳои ахири Эрон ба ин мавзӯъ пардохта навиштааст, ки тазоҳуроти ахири Эрон як нуктаро возеҳтар кард, ки «мо чӣ қадр «номиллат» ва «мутафарриқ» ва … ҳастем».

Каримӣ навиштааст, ки «мардони мо, ки “ғайраташон”-ро солҳо дар ҳар ҷо таблиғ мекарданд,  дар охири рӯз чӣ “беғайрат ва тарсу” мардоне будаанд».

Малолӣ Ҷӯё, фаъоли иҷтимоӣ ва узви пешини парлумони Афғонистон низ дар сафҳаи “Фейсбук”-ии худ бо нашри сатрҳое аз шеъри Аҳмад Шомлу навишта, ки «миллатҳои таҳти ситами Афғонистон ва Эрон … Роҳе ҷуз ваҳдат ва мубориза надоранд».

Ҷӯё навиштааст, ки «бештарин қурбонии ин дастгоҳи ҷаҳл ва ҷиноят, занони ҳар ду кишвар ҳастанд».

Ӯ афзуда, ки «чунончи ахиран дар Эрон Маҳсои азиз ва дар Афғонистон Илоҳаи азиз қурбонии дастгоҳи занситезӣ ва мардсолори мазҳабӣ гашта ва мутаасифона, инҳо охирин қурбонӣ нахоҳанд буд».

Асад Буддо, нависандаи Афғонистон ҳам дар “Твиттер” ба рӯйдодҳои Эрон пардохтааст:

«Сатҳи хости мардуми Эрон беш аз ҳар замоне амиқтар шудааст. Ба камтар аз рафъи қонуни ҳиҷоби иҷборӣ ва тағйири режим розӣ нестанд. Ҳокими лаҷуҷ ва хирасар, садои мардумро намешнавад. Посух ин ношунавоӣ, албатта, зарбаҳои гарон хоҳад буд. Шарм аст касоне ба ҷойи пайвастан ба мардум, ҷониби ҳокими хирасарро гирифтаанд».

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.