“Кабиров ва Нуралиев хато карданд”. ФФТ ду довари футболро аз ҳакамӣ барои ду давр барканор кард

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиев, ду довари бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро барои ба иштибоҳ роҳ додан дар бозии “Хуҷанд” ва “Файзканд” ҷазо додааст. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад. Ба гуфтаи ФФТ, дар ҷаласаи кумитаи доварон хулоса бароварда шуд, ки доварони бозии даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиев, ду довари бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро барои ба иштибоҳ роҳ додан дар бозии “Хуҷанд” ва “Файзканд” ҷазо додааст. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ФФТ, дар ҷаласаи кумитаи доварон хулоса бароварда шуд, ки доварони бозии даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Файзканд” (3:0)  ба чанд иштибоҳ роҳ додаанд, ки он ба натиҷаи вохӯрии онҳо таъсир расонидааст.

“Бар асоси ин, доварон Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиев аз доварии тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои ду давр маҳрум шуданд”, – омадааст дар хабар.

Илова бар ин, дар ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар мавриди доварӣ дар бозии даври шонздаҳум бо тими “Истаравшан” (1:1) баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ба андешаи бошгоҳи шаҳри Душанбе довари марказӣ ду бор ҷаримаи ёздаҳметрӣ таъйин накардаанд.

Кумитаи доварони ФФТ пас аз баррасии маводи видеоии ин вохӯрӣ, тасмим гирифт, ки иддаои тими “Истиқлол” беасос аст ва довари марказӣ Абдулло Давлатов дар дақиқаҳои 11 ва 68-уми вохӯрӣ қарори дуруст бароварда, ба дарвозаи “Истаравшан” зарбаи ҷаримавии 11 метра таъйин накардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон масъалаи доварии бозиҳои футбол ҳамеша доғ аст ва мухлисони футболи кишвар пайваста даъво мекунанд, ки доварон ба таври ҳирфаӣ фаъолият намекунанд ва дар бисёр ҳолат тақдири бозиро маҳз хатогии онҳо ҳал мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.