Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи шикояти маъмурӣ дар мақомоти маъмурии болоӣ ба баҳс кашиданд.
Оё тарафи манфиатдор аз болои санади маъмурие, ки мақомоти маъмурӣ қабул намудааст, ҳақ дорад шикоят оварад?
– Аз тарафи мақомоти маъмурӣ вайрон кардани мӯҳлати муқарраргардидаи қабули санади маъмурӣ рад намудани қабули санади маъмурӣ эътироф карда мешавад ва аз болои он бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят карда мешавад.
Шикояти маъмуриро мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул намудааст, дар сурати доштани роҳбари шахси мансабдор, ё воҳиди сохтории санади маъмуриро қабулнамуда, баррасӣ ва ҳал мёнамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Аз болои санади маъмурие, ки шахси мансабдори роҳбарикунандаи мақомоти маъмурӣ қабул кардааст, ба мақомоти маъмурии болоӣ шикоят карда мешавад. Аризадиҳанда барои ҳифзи ҳуқуқ ё озодиҳои поймолгардидааш ҳуқуқ дорад бидуни муроҷиат ба мақомоти маъмурӣ бо шикоят ба суд муроҷиат кунад.
Расмиёти маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун танҳо дар сурати пешниҳоди шикояти маъмурӣ ва ба қайд гирифтани он оғоз карда мешавад.
Шикояти маъмурӣ дар кадом шакл ва муҳлат бояд пешниҳод карда шавад?
Шикояти маъмурӣ бояд дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад ва ба талаботи қонун ҷавобгӯй бошад. Расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ бо тартиби расмиёти маъмурии расмӣ анҷом дода мешавад.
Шикояти маъмурӣ бояд дар давоми як моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани санади маъмурӣ пешниҳод карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад
Дар сурати гузарондани мӯҳлате, ки барои пешниҳод кардани шикоят аз болои санади маъмурӣ муқаррар карда шудааст ва агар ин мӯҳлат бо сабабҳои узрнок гузаронида шуда бошад, вале аз 1 сол зиёд набошад, он бояд барқарор карда шавад.
Дар шикояти маъмурӣ кадом маълумот бояд зикр карда шаванд?
Дар шикояти маъмурӣ бояд зикр карда шаванд:
– номи мақомоти маъмурие, ки ба он шикояти маъмурӣ пешниҳод карда мешавад;
– фамилия, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки шикояти маъмуриро пешниҳод мекунад;
– номи мақомоти маъмурие, ки аз санади маъмурӣ ё амалҳои он шикоят оварда мешавад;
– номи санади маъмурие, ки ба он шикоят оварда мешавад;
– моҳияти талабот;
– ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;
– намуди расмиёти маъмурӣ барои баррасии шикояти маъмурӣ;
– номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба шикояти маъмурӣ замима гардидаанд.
Агар ба шахси шикояти маъмурӣ оварда санади маъмурӣ супурда шуда бошад, нусхаи он ба шикояти маъмурӣ замима карда мешавад.
Дар кадом ҳолат мақомоти маъмурӣ шикояти маъмуриро баррасӣ намекунанд?
Агар:
– ҳалнома ё таъиноти суд дар бораи аз даъво даст кашидани даъвогар оид ба ҳамон мавзӯи баҳс, дар бораи даъворо эътироф намудани ҷавобгар ё тасдиқи созиши оштии тарафҳо мавҷуд бошад;
– парванда дар бораи баҳси байни ҳамон тарафҳо, доир ба ҳамон мавзӯъ ва ҳамон асос дар мурофиаи судӣ бошад;
– қарори ин мақомот ё мақоми маъмурии болоӣ доир ба ҳамин масъала мавҷуд бошад;
– дар мақомоти маъмурии болоӣ расмиёти маъмурӣ доир ба ҳамин шикояти маъмурӣ дар баррасӣ бошад;
– баррасии шикояти маъмурӣ дар тобеияти мақомоти маъмурӣ набошад;
– шикояти маъмурӣ аз ҷониби шахсе пешниҳод шуда бошад, ки ба пешниҳоди чунин шикояти маъмурӣ ҳуқуқ надорад;
– мӯҳлате, ки қонун барои пешниҳоди шикояти маъмурӣ муқаррар намудааст, гузашта бошад;
– шикоятдиҳанда то баррасии ариза вафот карда бошад ё шахси ҳуқуқӣ барҳам хӯрда бошад.
Муҳлати баррасии шикояти маъмурӣ чӣ қадар аст?
Мақомоти маъмурии ваколатдор ӯҳдадор аст, ки шикояти маъмуриро баррасӣ намояд ва дар мӯҳлати як моҳ қарори дахлдор қабул кунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Мӯҳлати баррасии шикояти маъмурӣ метавонад на бештар аз як моҳ дароз карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Дар кадом ҳолат амали санади маъмурӣ боздошта намешавад?
Амали санади маъмурӣ боздошта намешавад, агар:
– ин боиси хеле зиёд шудани хароҷоти мақомоти маъмурӣ гардад;
– он санади маъмурие бошад, ки вобаста ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ қабул гардидааст;
– он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбӣ дар асоси қонуни дахлдор қабул гардида бошад;
– ба таъхир гузоштани иҷрои он барои тартиботи ҷамъиятӣ ё амният таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд оварад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


