БОР коҳиши босуръати интиқоли маблағро ба Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) коҳиши интиқоли маблағро аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 25% – аз 2,25 млрд доллар дар соли 2021 то ба 1,69 млрд доллар дар соли 2022 пешгӯӣ мекунад, хабар дода мешавад дар гузориши ин ниҳоди молиявӣ.

“Ин оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ хоҳад дошт, зеро зиёда аз 50% хонаводаҳо (тақрибан 735 ҳазор нафар) асосан ба интиқоли пул такя мекунанд”, – таъкид месозанд таҳлилгарони Бонк.

Гуфта мешавад, сокинони минтақаҳо ва ноҳияҳои камбизоаттарини кишвар талаботи худро ба маҳсулоти ниёзи аввал аз ҳисоби маблағи интиқолёфта таъмин мекунанд.

Иқтисодчиёни БОР пешгӯии худро ба камшавии ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои иқтисоди Русия, аз ҷумла бахшҳои хидматрасонӣ ва сохтмон, ки муҳоҷирони тоҷик маъмулан дар онҳо кор мекарданд, асоснок мекунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба интиқоли пул, ки 80%-аш аз Русия ирсол мешаваду ҳудуди 1 млн нафар тоҷикистониён дар ин кишвар машғули коранд, вобастагии зиёд дорад.

Қаблан директори генералии БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков дар бораи хавфи баланди коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аз Русия бар асари қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ дар Русия изҳори назар карда буд.

Зимни посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар брифинги матбуотии маҷозӣ (виртуалӣ) рӯзи 29 сентябри соли равон Евгений Жуков гуфт, бозгашти теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик ба ватан бо шаҳрвандии Русия ба ҳаҷми интиқоли пул ба ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Намояндаи БОР зикр кард, ки зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди маълумот ба намояндагони ВАО дар бораи ҳаҷми интиқоли пул худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад.

Қаблан ВАО-и Тоҷикистон ин маълумотро дар сомонаи Бонки марказии Русия дарёфт мекарданд. Аммо пас аз оғози муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва Украина, ин ниҳоди молиявии Русия аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад. Дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати боздоштани нашри чунин маълумот чизе зикр намешавад.

Бонки марказии Русия ҳар семоҳа дар бораи интиқолҳои пулии фаромарзӣ маълумот нашр мекард. Охирин маълумоти сомона дар ин бора нимаи дуюми моҳи март (аз натиҷаҳои соли 2021) нашр шуда буд.

Дар соли 2021 маблағи умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил дода буд, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Зиёда аз 76%-и ин интиқолҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, қариб аз чор як ҳиссаи он – аз ҷониби шаҳрвандони Русия ва/ё шахсони бо Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия иқоматдошта анҷом дода шудаанд. Дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо 94,3%-ро рубл, 5,6%-аш – доллар ва 0,1%-ашро – евро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...