Писари раисони Файзободу Рашту Бохтар ва прокурори ҳарбии Кӯлоб. Фарзанди 124 мансабдор ба артиш рафтаанд

Дар даъвати ҳарбии тирамоҳии имсола 124 фарзанди мансабдор ва хизматчии далватӣ ба артиш рафтаанд, ки дар байни онҳо писари раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб низ будаанд. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода, дар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар даъвати ҳарбии тирамоҳии имсола 124 фарзанди мансабдор ва хизматчии далватӣ ба артиш рафтаанд, ки дар байни онҳо писари раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб низ будаанд.

Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода, дар сомонааш навиштааст, ки то 30-юми октябри соли равон, фарзанди 124 мансабдори давлатӣ ба артиш ҷалб шудаанд.

Манбаъ гуфтааст, дар даъвати тирамоҳии соли 2021-ум 299 фарзанди мансабдор ва дар даъвати баҳории соли равон 120 писари мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба артиш рафтаанд, ки 19 нафари он фарзандони кормандони прокуратура мебошанд.

“Илова бар ин, бо мусоидати кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҳарбии гарнизонҳо дар рафти маъракаҳои даъват баъзан шаҳрвандон ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозиру ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шудаанд”, – гуфтааст Прокуратураи генералӣ.

Ин ниҳод афзудааст, ки теъдоди шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд зиёд мешавад. Ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Ҷалби 124 фарзанди мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.

Дар гузашта, бархеҳо яке аз сабабҳои гурез аз артишро, ба хидмат ҷалб нашудани фарзандони мансабдорон унвон мекарданд, ки ин ҳолат ба нобаробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад

Дар гузашта ҳам хабарҳо дар мавриди ҷалби фарзандони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ба сафи артиш расонаӣ мешуд.

Қаблан, Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо гузашти як моҳи маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвар 70 дарсад иҷро шудааст.

Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.

Ҳамасола, бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳар сол аз набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.