Шералӣ Кабир сарвазирро бо фаъолияти корхонаҳои парки технологӣ-инноватсионӣ дар Дарвоз шинос кард

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 8 ноябр аз Парки технологӣ  – инноватсионии ноҳияи Дарвоз боздид намуд. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир сарвазирро бо фаъолияти корхонаҳои ин парк шинос кард, хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Дар ошёнаи дуюми парки инноватсионӣ се таҷҳизоти ҷадиди истеҳсоли ширкатҳои кореягӣ барои омода кардани мутахассисони талаботи бозори меҳнат, аз қабили таъмиргари нақлиёти автомобилӣ, кафешгари газию барқӣ дараҷаи шашум, ронандаи мошинҳои гаронвазн, ба монанди булдозер, экскватор насб гардидааст.

Дар заминаи парки мазкур ду гармхонаи замонавӣ ташкил шудааст, ки дар  яке аз онҳо парвариши помидор ва   дигаре меваҳои ситрусии лимон ва мандарин ташкил гардидаст. Ҳамасола аз гармхонаҳои замонавӣ  ҳосили хуб рӯбанда, содирот мегардад.

Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикани "Помир Аква"  низ шинос шуданд.оӣ пайдо карданд. Зикр шуд, ки дар ин коргоҳ оби чашма коркард ва ба хориҷ аз кишвар содирот мешавад.

Гуфта мешавад, сарвазир инчунин бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои доруворӣ  шинос гардиданд, ки дар давраи пандемияи "Ковид-19" дар он антисептик  истеҳсол мешуд. Алъон корхона  маҳсулоти доруворӣ омода менамояд. Таҷҳизоти технологӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ворид ва васлу насб шудааст.

Дар  парки замонавӣ истеҳсоли кулоҳҳои  сохтмонӣ,  коркарди асал, коркард ва бастабандии меваю сабзавот,   аз қабили нӯшокии  хуч, инчунин афшураи меваю сабзавот, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин  истеҳсоли равғани ангат низ роҳандозӣ гардидаст.

Ба сурати умум, дар шаш корхонаи парки инноватсионию технологии Дарвоз  беш аз 26 номгӯи маҳсулоти ватанӣ тавлид мешавад. Айни ҳол дар ин ҷо беш аз 70 нафар сокинони ноҳияи Дарвоз ба кор ҷалб шудаанд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳои ҷадид иттилоъ дода шуд, ки минбаъд дар заминаи Парки технологӣ-инноватсионӣ истеҳсоли панелҳои офтобӣ  роҳандозӣ мегардад.

Қоҳир Расулзода аз фаъолияти корхонаҳои Парки технологӣ-инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сарвазир дар Дарвоз кадом корхонаҳоро боз кард?

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот иштирок кард, хабар медиҳад МИҲД ВМКБ.

Аз ҷумла дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи  Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо харҷи 4 млн сомонӣ барои арҷгузорӣ ба  шахсияти  устод Мӯъмин Қаноат сохта гардидаст.

Дар мавзеи Дашти Паткуноби ноҳия 14 хонаи истиқоматӣ барои хоҷагиҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Умарак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Деҳаи навбунёд Сомониён номгузорӣ шуда, хонаҳои истиқоматӣ дар яқ қабат бо тарҳи муосир ва талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидаанд. Дар ин ҷо хатҳои оби полезӣ ва ошомиданӣ низ ба истифода дода шуд. Байни сарвазир ва пирони рӯзгордида аз деҳаи навбунёди Сомониён суҳбати самимӣ баргузор шуд.

Ба сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар оянда ба ин ҷо 50 хоҷагӣ аз деҳаҳои гирду атроф, ки хонаҳояшон зери хавф қарор доранд, кӯчонда шуда, ҳамзамон бунёди муассисаи таълимӣ, кӯдакистон, бунгоҳи саломатӣ ва чароғонкунӣ ва сабзу хуррамгардонии деҳа ба нақша гирифта шудааст.

Дар мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз бо иштироки сарвазир нахустин нақби мошингузар дар қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб мавриди истифода қарор гирифт.

Дарозии нақб 365 метр буда, дар он аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 7 метр низ сохта шудааст. Маблағгузори лоиҳа Гурӯҳи ҳамоҳангсози Араб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармоишгари сохтмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 7,5 миллион доллари америкоӣ ихтисос дода шуда, он аз тарафи ширкати чиноии “Чайна роуд& брич корпорейшн” бо сифати баланд сохта шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...