Тоҷикистон барои маълум кардани шахсияти ҳамлагар ба ибодатгоҳи Шоҳчароғ ба Эрон мактуб ирсол кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшани андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро кушт, ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар робита ба даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамала ба иботадгоҳи Шоҳчароғи Шероз аз ҷониби мақомоти Эрон мактуби расмӣ дастрас накардаанд.

“Баъди пахши хабарҳо дар бораи он ки гӯё яке аз гумонбарони ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Субҳон Комронӣ аст, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба мақомоти ин кишвар барои рӯшани андохтан ба масъала мактуби расмӣ ирсол намуд ва ҳоло интизори посух аст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Қаблан, 7-уми ноябри соли равон, “ИРНА”, хабаргузории расмии Эрон навишт, марде, ки моҳи гузашта дар ибодатгоҳи аслии шиаён 13 танро кушт, шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ин хабарро ҳамчунин, нашрияи "Ассошиэйтед Пресс" бознашр кард ва навишт, ки Субҳон Комронӣ чанд  рӯз пас аз ҳамлаҳои рӯзи 26 октябри соли равон бар асари захмҳои бардоштааш ҳангоми боздошт, дар бемористоне, дар ҷануби Эрон, даргузаштааст.

“ИРНА” бо истинод ба вазорати истихбороти Эрон навиштааст, ки ҳамроҳи марди ҳамлагар ҳамчунин, шаҳрванди Афғонистон бо номи Муҳаммад Ромиз Рашидӣ низ будааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки гумонбари сеюм аз Озарбойҷон ва ҳамоҳангсози асосии ин ҳамла дар шаҳри Теҳрон ба шумор мерафтааст.

Ба гузориши хабаргузории “ИРНА”, мақомот 26 гумонбарро боздошт кардаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва “ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд”.

Дар хабари ин расона бидуни зикри мушаххасот гуфта мешавад, ки баъзе аз гумонбарон айни чунин ҳамларо дар шаҳри Зоҳидони вилояти Сиистону Балуҷистон ба нақша гирифта буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, ки яке аз панҷ масҷиди калони пайравони мазҳаби шиа дар Эрон аст, 26-уми октябр рӯй дод. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ* масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.

Эрон дар аввал гуфт, 15 нафар кушта шуд, аммо баъд аз санҷиши дубора шумори қурбониёнро 13 нафар номбар кард.

Дар ҳамин ҳол, аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки 8-9-уми ноябр ҷиҳати поси хотири қурбониёни ин ҳамлаи пурқурбонӣ маросими ёдбуд баргузор карда шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...