Боздошти директоре, ки 184 ҳазор сомонӣ маблағи давлатро тасарруф кардааст

Муродҷони Маҳмадуло, директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” дар давраи фаъолияти кориаш 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, хабар медиҳад Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия. “Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаи мазкур маблағи умумии 513 ҳазору 365 сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифта, аз ин […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Муродҷони Маҳмадуло, директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” дар давраи фаъолияти кориаш 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, хабар медиҳад Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

“Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаи мазкур маблағи умумии 513 ҳазору 365 сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифта, аз ин маблағ 329 ҳазору 326 сомониашро барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима хароҷот кардааст. Маблағи боқимонда – 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расидааст”,- зикр мешавад дар хабари Агентӣ.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати Муродҷони Маҳмадуло бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз 10 то 15 сол) ва 323 (ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.