Юсуф Ахмедов чӣ тавр қаҳрамони Аврупо оид ба пауэрлифтинг шуд?

Asia-Plus

Ин варзишгари номии тоҷик аз рӯзҳои аввали ба ин навъи варзиш таваҷҷӯҳ кардани худ ёд карда, мегӯяд, ки тасодуфан ба пауэрлифтинг ворид шудааст.

“Ман аз назди толори фитнес мегузаштам ва хостам як даромада бинам. Дарун даромадам ва дидам, ки Толеъ Холназаров (пауэрлифтери маъруфи тоҷик, – эзоҳ аз муҳ.) он ҷо тамрин мекунад. Дарҳол ба ман ин варзиш писанд омад, Холназаров маро барангехт – ман мехостам мисли ӯ шавам. Ва ҳамин тавр мо бо ӯ тамринро оғоз кардем”, – мегӯяд ӯ.

Баъди як сол ӯ дар чемпионати Душанбе оид ба пауэрлифтинг ҷойи аввалро гирифт. Минбаъд – бештар: чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон ва Аврупо оид ба пауэрлифтинг ва ягона мутахассиси кишвар, ки Мактаби бодибилдинг ва фитнеси ба номи Бен Вейдерро хатм кардааст.

Ҳоло ӯ дар яке аз фитнес клубҳои маъруфи пойтахт дарс медиҳад – пауэрлифтерҳо ва бодибилдерҳои ҳақиқиро омода мекунад, ба одамон барои расидан ба бадани орзуяшон кӯмак мекунад.

Дасташ шикаст, маҷрӯҳ шуд, вале ҳамеша ба сӯи ҳадаф мерафт ва ба он мерасид. Чӣ тавр Юсуф шикаст нахурд, чигуна душвориҳоро паси cap кард — қиссаи навбатии мо!

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!

Сарпарасти кулли лоиҳа ширкати букмекерии 1XBET мебошад.

Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ бонус то 1430 сомонӣ гиред!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...