Темур Раҳимов ба Душанбе баргашт

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam 2022», ки рӯзҳои 4 то 6-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кг Алишер Юсупов, варзишгари Ӯзбекистонро бо имтиёзи «иппон» мағлуб карда, сазовори медали тилло гашт. Темур Раҳимов дар таърихи ҷудои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти «Grand Slam» соҳиби […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam 2022», ки рӯзҳои 4 то 6-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кг Алишер Юсупов, варзишгари Ӯзбекистонро бо имтиёзи «иппон» мағлуб карда, сазовори медали тилло гашт.

Темур Раҳимов дар таърихи ҷудои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти «Grand Slam» соҳиби медали тилло гашт.

Бояд гуфт, ки Муллораҷаб Халифаев, варзишгари дигари тоҷик низ дар ин мусобиқа соҳиби медали нуқра гашт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 ҷудокор намояндагӣ карданд.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, Темур Раҳимов ба ҷуз аз медали тилло бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 5000 евро мукофотонида шуда, инчунин соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтарин ҷудокори ҷаҳон дар вазни сангинтарин нигоҳ дошт.

Қаблан хабар дода мешуд, ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Темур Раҳимов хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ туҳфа намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.