Патент барои кор дар Маскав. Акнун дар Душанбе метавон ариза пешниҳод кард

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Маскав ва вилояти Маскав рафтан мехоҳанд, мустақиман дар Душанбе пешакӣ барои гирифтани патент ариза дода метавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.

“Як қисми ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон омода шуда, пас аз ин ба муҳоҷир танҳо лозим меояд, ки ба Маркази муҳоҷирати Маскав ҳозир шуда, барои амалисозии фаъолияти муваққатии корӣ патент гирад”, – шарҳ доданд дар Вазорат.

Маросими ифтитоҳи марказ рӯзи 9 ноябр бо иштироки муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, вазифаҳои марказ аз роҳандозии пойгоҳи маълумот дар бораи ҷойҳои корӣ ва корҷӯён, ташкили суҳбатҳои онлайнӣ ва баҳодиҳӣ ба салоҳиятнокии касбии номзадҳо ба ҷойҳои корӣ иборат аст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо ба шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба қоидаҳои будубош ва кор дар Русия машварат дода мешавад.

“Тариқи марказ тоҷикистониён пешакӣ аз ҷойҳои кории холӣ дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва вилояти Маскав сарфи назар аз шакли моликияташон, огоҳ карда мешаванд. Мутаносибан ба корфармоҳо низ дар бораи мутахассисони Тоҷикистон маълумот дода мешавад. Номзадҳо ба ҷойҳои корӣ бояд анкета (маълумотнома) пур кунанд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар марказ инчунин метавон ба қабул дар Маркази муҳоҷирати Маскав номнавис шуда, дар харидани билет низ кумак дастрас намуд.

Марказ дар суроғаи кӯчаи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт воқеъ аст.

Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи марказ дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш байни КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и ВКХ-и Русия ва Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар бораи ифттоҳи намояндагии ин корхона дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...