Таъсиси намояндагии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и ВКД-и Русия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия таъсис дода мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ки Ёддошти тафоҳум барои таъсиси намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и ВКХ-и Русия имрӯз, 19-уми октябр, зимни мулоқоти Шаҳноза Нодирӣ, муовини […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия таъсис дода мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки Ёддошти тафоҳум барои таъсиси намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и ВКХ-и Русия имрӯз, 19-уми октябр, зимни мулоқоти Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Фёдор Карповец, муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия имзо гардид.

“Таъсиси намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатномаи оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки таъсиси намояндагии мазкур дар доираи Созишномаи байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия амалӣ карда мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио