Бег Сабур истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил интихоб шуд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми ноябр, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии конференсияи Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он Бег Сабур аз вазифаи президенти ин федератсия истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил Ҷумахон президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд. Дар бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре ин сомона менависад, Мирзоалӣ Комил, ки раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аст, ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намудааст, ки дар оянда барои рушди бештари намуди бокс талош меварзад.

Ӯ ҳамчунин ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир дар самти бокс назаррас аст.

“Ду рӯз пеш ду варзишгарамон – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем. Талош мекунем, дастовардҳо боз ҳам бештар шавад ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд”, – гуфтааст Мирзоалӣ Комил.

Дар ин ҷаласа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок карда, роҳбарияти нави федератсияро табрик намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буда, аз соли 2015 ба ин сӯ роҳбарии Федератсияи бокси Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Ӯ яке аз мансабдоронест, ки бо андешаву амалҳои ғайриоддии худ дар сархати матбуоти кишвар қарор мегирад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...