Бег Сабур истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил интихоб шуд

Имрӯз, 14-уми ноябр, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии конференсияи Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он Бег Сабур аз вазифаи президенти ин федератсия истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил Ҷумахон президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд. Дар бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тавре ин сомона менависад, […]

Имрӯз, 14-уми ноябр, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии конференсияи Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он Бег Сабур аз вазифаи президенти ин федератсия истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Мирзоалӣ Комил Ҷумахон президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд. Дар бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре ин сомона менависад, Мирзоалӣ Комил, ки раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аст, ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намудааст, ки дар оянда барои рушди бештари намуди бокс талош меварзад.

Ӯ ҳамчунин ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир дар самти бокс назаррас аст.

“Ду рӯз пеш ду варзишгарамон – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем. Талош мекунем, дастовардҳо боз ҳам бештар шавад ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд”, – гуфтааст Мирзоалӣ Комил.

Дар ин ҷаласа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок карда, роҳбарияти нави федератсияро табрик намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буда, аз соли 2015 ба ин сӯ роҳбарии Федератсияи бокси Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Ӯ яке аз мансабдоронест, ки бо андешаву амалҳои ғайриоддии худ дар сархати матбуоти кишвар қарор мегирад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.