Бинои РВКД дар Душанберо тахриб ва ба ҷояш эстакада месозанд

Нигина Аслонова, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД)-ро тахриб намуда, бо ҷои он эстакада бунёд мекунанд. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони бинои нави ин ниҳод, дар майдони “Бофанда” –и пойтахт оғоз шудааст ва ҷараёни он 2-3 сол тӯл мекашад. Дар давраи пандемия, дар майдони “Бофанда” беморхонаи муваққатии сайёр, ки аз 120 “контейнер”-и ҷониби Ӯзбекистон иборат буд,  ҷойгир мешуд.

Манбаи мо аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард, танҳо гуфт, дар ҷои бинои феълии РВКД дар Душанбе эстакада бунёд мешавад.

“Мақсад аз бунёди эстакада бартараф кардани ҷараёни тамбашавии мошинҳо ва баланд бардоштани иқтидори нақлиётии хатсайрҳо аст”, – афзуд ӯ.

Бояд гуфт, дар сурати бунёди эстакада ҳамаи иншооти наздик – биноҳои истиқоматӣ, Майдони “Ғалаба” ва “Танкаи ИС-2 (Иосиф Сталин)”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба – 9 май соли 1987 дар пойтахт, ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ, қомат афрохта буд, тахриб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки як манбаъ дар шаҳрдории Душанбе ҳанӯз соли 2019 ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии пойтахт то соли 2030 ният доранд, дар Душанбе  ҳудуди 20 эстакадаи нав бунёд кунанд.

Ӯ гуфта буд, ки аз ҷумла лоиҳаи бунёди гузаргоҳҳои се ва дуошёна дар маҳаллаҳои “Сирк”-и пойтахт, гардиш аз корхонаи нассоҷӣ ба сӯйи комбинати гӯшт, дар гардиши фурудгоҳ, “Масложиркомбинат”, сафорати ИМА дар Душанбе, микроноҳияи 102, дарвозаи ғарбии пойтахт, дар ҳудуди корхонаи семент, бозори «Корвон» амалӣ карда мешавад.

Ба таъкиди вай, ҳамаи лоиҳаҳо дар марҳалаи баррасӣ мебошанд ва дар сурати тасдиқ, онҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр ва маблағҳои сармоягузорӣ сохта мешаванд.

То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеошёна: дар минтақаи маъруф ба “Қарияи Боло” ва дар микрорайони 82 сохта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...