Тифли 8 миллиардаи сайёраи Замин дар Арманистон ба дунё омад

Ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин – духтарча Арпи дар Арманистон таваллуд шуд. Ӯ дар шаҳри Мартуни вилояти Гегаркуники Арманистон ба дунё омад. Дар ин бора Карен Саркисян, раиси вилояти Гегаркуник рӯзи сешанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт. “Тибқи маълумоти нашршуда ва тасдиқшудаи ЮНИСЕФ, дар таваллудхонаи вилояти Гегаркуник ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин чашм ба олами […]

Ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин – духтарча Арпи дар Арманистон таваллуд шуд. Ӯ дар шаҳри Мартуни вилояти Гегаркуники Арманистон ба дунё омад. Дар ин бора Карен Саркисян, раиси вилояти Гегаркуник рӯзи сешанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт.

“Тибқи маълумоти нашршуда ва тасдиқшудаи ЮНИСЕФ, дар таваллудхонаи вилояти Гегаркуник ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин чашм ба олами ҳастӣ кушод. Тифли навзод Арпи духтари Карен Закарян ва Ани Кочарян, сокинони деҳаи Совинар мебошад, ки вазнаш 2 килову 900 грамм ва қадаш 49 сантиметрро ташкил дода, комилан солим таваллуд шуд. Оилаи тифли навзодро табрик намуда, ба Арпии хурдакак даврони ъхуши тифливу кӯдакӣ ва ояндаи дурахшон орзу дорам”, – гуфтааст ӯ.

Тибқи маълумоти СММ, дар 12 сол шумораи аҳолии ҷаҳон 1 миллиард нафар афзудааст. Аз ҳама бештар дар Осиё ва Африқо. Пештозҳо Чин ва Ҳиндустон мебошанд – ҳар кадом тақрибан 1,5 миллиард нафар.

Мувофиқи гузориши СММ, соли 2040 аҳолии сайёра ба 9 млрд нафар мерасад, яъне на баъди 12, балки 18 сол. Сабабаш сатҳи пасти устувори таваллуд ва дар баъзе ҳолатҳо сатҳи баланди муҳоҷират. Аллакай соли 2100 шумори аҳолии ҷаҳон метавонад ба 12 млрд нафар расад.

Тайи 200 соли ахир шумори аҳолии сайёра 8 баробар зиёд шудааст. Агар аввали солҳои 1900-ум дар сайёраи Замин 1,6 млрд нафар одамон зиндагӣ мекарданд, пас соли 2000-ум аллакай ба 6 млрд нафар расиданд. Афзоиши босуръат дар натиҷаи рушди соҳати тиб ва ваксинзанӣ, низоми роҳандозишудаи таъминоти иҷтимоӣ, инчунин дастрасӣ ба обӣ нӯшокӣ ба амал омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.