Ба фарзандони тоҷикони Қазон омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ шуд

Дар шаҳри  Қазони Тотористон барои кӯдакони тоҷики муқими шаҳр омӯзиши забони модарӣ роҳандозӣ кардаанд. Дарси аввалин 14-уми ноябр роҳандозӣ гардида, интизор меравад чунин дарcҳо пайваста рӯзҳои якшанбе баргузор шаванд. Дар ин бора АМИТ “Ховар”, бо такя ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия, хабар медиҳад. Манбаъ навиштааст, ки ба мактаби якшанбегии омӯзиши забони модарӣ фарзандони […]

Дар шаҳри  Қазони Тотористон барои кӯдакони тоҷики муқими шаҳр омӯзиши забони модарӣ роҳандозӣ кардаанд. Дарси аввалин 14-уми ноябр роҳандозӣ гардида, интизор меравад чунин дарcҳо пайваста рӯзҳои якшанбе баргузор шаванд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар”, бо такя ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия, хабар медиҳад.

Манбаъ навиштааст, ки ба мактаби якшанбегии омӯзиши забони модарӣ фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Қазон фаро гирифта мешаванд, ки аксари онҳо дар мактабҳои миёнаи русӣ дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил карда, забони тоҷикиро дар сатҳи гуфтугӯ дар доираи суҳбат бо хонавода медонанд.

Гуфта мешавад, ки дар мактаб онҳо доир ба таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ маълумоти мухтасар гирифта, инчунин хурдсолон ба омӯзиши алифбои тоҷикӣ машғул мешаванд.

«Ҳадафи аслии таъсиси ин мактаб, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони бурунмарзӣ аст, ки онҳо забони модари худро нигоҳ доранд», – гуфтаанд масъулини Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Бояд гуфт, ки дарсҳои забони тоҷикӣ рӯзҳои якшанбе, соати 16:00 дар бинои «Хонаи дӯстии халқҳо», кӯчаи Павлюхина, №57-и шаҳри Қазон доир мегарданд.

Тоҷикони шаҳри Қазон, ки мехоҳанд фарзандонашон ба омўзиши забони модарӣ ба ин мактаб ҷалб шаванд, метавонанд барои маълумоти муфассал ба ракақмҳои мазкур  +79600516297 тамос бигиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.