“Пас аз 30 сол ҷамъ омаданд”. Имрӯз дар Қасри Арбоб ҷаласаи тантанавӣ ва консерт баргузор мешавад

Имрӯз, 16-уми ноябр, дар Қасри Арбоб, ки макони аслии баргузории чорабиниҳо ба ифтихори 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шумор меравад, ҷаласаи тантанавӣ ва консерт баргузор мешавад. Дар он раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, низ ширкат хоҳад кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми ноябр, дар Қасри Арбоб, ки макони аслии баргузории чорабиниҳо ба ифтихори 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шумор меравад, ҷаласаи тантанавӣ ва консерт баргузор мешавад. Дар он раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, низ ширкат хоҳад кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Барои ширкат дар ин ҷашн дар шимоли кишвар вакилони парлумон, намояндагони аҳли зиё, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо иштироккунандагони сессия, олимону адибон, сиёсатшиносон, инчунин, ситораҳои саҳнаи тоҷик ҳузур доранд.

Дар миёни меҳмонон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пешини Душанбе, Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини парлумони Тоҷикистон, Оқил Оқилов, сарвазири пешни Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи Тоҷикистон марҳалаи гардишест, ки барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ таъсири назаррас расонд. Ин иҷлосия дар Қасри Арбоб 30 сол пеш дар ҳамин рӯз оғоз ёфта буд.

Дар иҷлосия, ки ду бригадаи таъиноти вижаи Русия ва Узбакистонро посбонӣ мекарданд, аз 230 вакил 197 вакил ширкат доштанд. Дар он ҳукумати президентӣ ба ҳукумати парлумонӣ иваз шуд ва Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шурои Олӣ ва мутаносибан сарвари давлат интихоб шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар робита ба ин сафар ва ҷашнвора кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаи Урунхӯҷаеви ҷамоати Унҷи ноҳияи Б.Ғафуров, кӯчаҳои марказии Бӯстон баста мешаванд. БДА аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи роҳҳо ва кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.