Буридани дасту пой ва қатл дар мазҳари ом. Толибон гунаҳкоронро дар асоси қонунҳои шариат ҷазо медиҳанд

Ба додрасҳои Афғонистон амр шудааст, ки ҳангоми мурофиа ва содир кардани ҳукмҳои худ ба қонунҳои шариати ислом такя кунанд:  ба ҷиноятҳое мисли дуздӣ, ғоратгарӣ, зино, истеъмоли машрубот ва муртад гунаҳкорон бо буридани дасту пой ва сангсор кардани омма ҷазо дода мешавад. Ин амрро Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон* додааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” бо тасдиқи ин хабар дар “Твиттер” навишт, […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ба додрасҳои Афғонистон амр шудааст, ки ҳангоми мурофиа ва содир кардани ҳукмҳои худ ба қонунҳои шариати ислом такя кунанд:  ба ҷиноятҳое мисли дуздӣ, ғоратгарӣ, зино, истеъмоли машрубот ва муртад гунаҳкорон бо буридани дасту пой ва сангсор кардани омма ҷазо дода мешавад. Ин амрро Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон* додааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” бо тасдиқи ин хабар дар “Твиттер” навишт, ки ба додрасҳо дастур дода шудааст, ки аломатҳои нақзи қонунҳои муқаддаси исломиро дар ҷиноятҳо бодиққат муайян кунанд.

Охундзода амр додааст, ки додрасҳо метавонанд дуздон, одамрабоён ва фитнагаронро дар ҷойи сар задани ҷиноят ҳукм ва ҷазо диҳанд.

Ин амри  тозаи Толибон нест, онҳо ба амалҳое бармегарданд, ки пас аз расидан ба қудрат дар солҳои 1996-2001 иҷро карда буданд. Он замон онҳо низ қатлҳои бераҳмонаи оммавӣ ва ҷазоҳои саҳроӣ ҷорӣ карда буданд. Ин яке аз далелҳоест, ки мардуми Афғонистонро ба куллӣ аз Толибон дур кардааст.

Толибон дар моҳи августи соли гузашта пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ба қудрат баргаштан ва ба ҷомеи ҷаҳонӣ ваъда доданд, ки ин маротиба мӯътадилтар ҳукмронӣ мекунанд, аммо дар асл онҳо ҳама гуна озодиҳо, бахусус ҳуқуқи занонро саркӯб мекунанд.

Ҳафтаи гузашта Толибон сайругашти занон ба боғҳои фароғатиро мамнӯъ карда, онҳоро аз ҳаёти ҷамъиятӣ боз ҳам маҳрум карданд. Ҳамчунин, шурӯъ аз ҳафтаи гузашта, аз рафтани сокинони Кобул ба ҳаммом ва толорҳои варзишӣ, ки даромадан ба ин муассисаҳо аллакай аз рӯи ҷинсият тақсим мешавад, манъ кардаанд.

Ҳоло ин ҷойҳо барои афғонҳо комилан дастнорасанд. Толибон мамнӯъияти комилро бо он рабт медиҳанд, ки ҳузури занон дар чунин ҷойҳо ба қавонини исломӣ мувофиқ нест.

Ба занон сафар кардан ба масофаҳои дур бидуни ҳамроҳии мард манъ аст. Духтарони наврас бо вуҷуди ваъдаи Толибон дар бораи иҷозаи идомаи таҳсил ба онҳо то ҳол дар аксари манотиқи Афғонистон ҳаққи таҳсил надоранд. Теъдоди ками занон дар соҳаи тандурустӣ ва маориф кор мекунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ низ фармоне содир шуда буд, ки бо чеҳраи кушода дар кӯча ҳозир шудани занони афғонро манъ мекунад.

Дар Кобул занон борҳо ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи худ эътироз карданд, бархе аз онҳо аз ҷониби афроди Толибон шадидан латукӯб шуданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.