Бразилияву Португалия ҳам ба даври дигар роҳхат пайдо карданд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Гурӯҳи G

Камерун 3:3 Сербия

Дар даври дувуми Ҷоми ҷаҳонии футбол бозии тимҳои миллии Сербия ва Камерун хеле шавқовару сергол ҷараён гирифт. Камеруниҳо ҳисобро боз карда бошанд ҳам, пайи ҳам се гол ба дарвозаи худ сар доданд. Дар ниҳоят, футболбозони Камерун тавонистанд иродаи қавии худро ба намоиш гузошта, ду гол зананд ва бозиро мусовӣ – 3:3 намоянд.

Ҳамин тавр, мунтахабҳои Сербия ва Камерун якимтиёзӣ ба даст оварданд.

Бразилия 1:0 Швейтсария

Дар бозии дигар ин гуруҳ Бразилия бо Швейтсария рақобат намуд. Нимаи аввали ин дидор бидуни гол ба анҷом расид. Дар нимаи дуюм, дар дақиқаи 64-ум, ҳамлагар Винисиус Ҷуниор гол зад, аммо ба далели дар ҳолати берун аз бозӣ қарор доштанаш гол лағв шуд.

Дар дақиқаи 83-юм нимҳимоятгари бразилӣ Каземиро ҳисобро боз кард ва ин гол барои бразилиягиҳо 3 холро тақдим намуд.

Бо ин тартиб, дастаи Бразилия бо 6 имтиёз садрнишини гуруҳ гардид. Швейтсария бо се хол дар ҷойи дуюм, Камерун ва Сербия бо як холӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ Бразилия бо Камерун ва Швейтсария бо Сербия бозӣ хоҳанд кард. Ҳарду бозӣ 2-юми декабр баргузор мешаванд.

Гурӯҳи “H”

Гана 3:2 Кореяи Ҷанубӣ

Бозии даври 2-юми мусобиқоти гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар миёни дастаҳои Гана ва Кореяи Ҷанубӣ зебову пургол ҷараён гирифт. Дар қисми аввали бозӣ Муҳаммад Салису ва Муҳаммад Қудус ду гол ба дарвозаи Кореяи Ҷанубӣ заданд. Дар нимаи дуюм ба ҳамлагари Кореяи ҷанубӣ Чо Кю Сун муяссар шуд, ки дар давоми се дақиқа дубл карда, ҳисобро баробар кунад. Дар дақиқаи 68-ум бозигари Гана Муҳаммад Қудус голи дуюми худро зад ва африқоиёнро боз пешсаф кард.

Португалия 2:0 Уругвай

Дар бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 мунтахаби Португалия бо тими миллии Уругвай вохӯрд. Бозӣ зери назорати португалиҳо оғоз гардид ва ҳар ду даста дар оғоз эҳтиёткорона бозӣ менамуданд. Ҳамин буд, ки қисми аввали бозӣ бидуни гол ба поён расид. Дар қисми дуюми бозӣ Бруно Фернандес, дар дақиқаи 54-ум ба дарвозаи Уругвай гол зад ва Португалияро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 91-ум бошад боз ҳам  Бруно Фернандес аз ҷаримаи 11-метра голи дуюмро ба ҳадаф расонид.

Ҳамин тавр, дар ин гуруҳ дастаи мунтахаби Португалия шаш имтиёз ба даст оварда, пеш аз мӯҳлат ба плей-офф роҳ ёфт. Дастаи Гана соҳиби 3 имтиёз аст ва Уругвай бо Кореяи Ҷанубӣ як холӣ доранд.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 2022 барои имрӯз, 29-уми ноябр

20:00. Нидерланд – Қатар

20:00. Эквадор – Сенегал

00:00. Уэлс – Англия

00:00. Эрон – ИМА

Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...