Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш

Намояндаи Тоҷикистон Наврӯзи Каримзод дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш рӯзҳои 23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон баргузор шуд. Гуфта мешавад, дар чемпионат варзишгарон аз 60 давлат иштирок карданд. Тоҷикистонро 3 варзишгар – Муҳаммадризо Қувватов (-60кг), […]

Намояндаи Тоҷикистон Наврӯзи Каримзод дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш рӯзҳои 23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар чемпионат варзишгарон аз 60 давлат иштирок карданд. Тоҷикистонро 3 варзишгар – Муҳаммадризо Қувватов (-60кг), Наврӯзи Каримзод (-73кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81кг) намояндагӣ карданд.

“Аз миёни онҳо Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷии Чемпионат мушарраф шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зикр мегардад, ки Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромада, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Ӯзбекистон, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ се зинаи аввали чемпионатро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.