Осорхонаи маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ боз мешавад

Пас аз таъмиру навсозӣ маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт дарҳои худро барои тамошобинон боз мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Носирҷон Абатов, намояндаи ширкати ҶДММ “Меъмор ва Сохтмон, ки масъули корҳои таъмиру таҷдиди иншооти мазкур аст, хабар дод. “Пас аз анҷоми корҳо осорхона барои тамошо боз шуда, дар он тамоми ашёи марбут […]

Пас аз таъмиру навсозӣ маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт дарҳои худро барои тамошобинон боз мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Носирҷон Абатов, намояндаи ширкати ҶДММ “Меъмор ва Сохтмон, ки масъули корҳои таъмиру таҷдиди иншооти мазкур аст, хабар дод.

“Пас аз анҷоми корҳо осорхона барои тамошо боз шуда, дар он тамоми ашёи марбут ба аввалин амири давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ гирдоварӣ хоҳад шуд”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таъмиру навсозии қубурҳои обгузар ва низоми ҳавокаш дар дохили осорхона ба анҷом расида, корҳо дар атрофи осорхона идома доранд.

Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, осорхона соли 1999 – замони ифтитоҳи маҷмааи муҷассама таъсис дода шудааст. Экспонати асосии он нусхаи мақбараи Сомонӣ дар Бухоро маҳсуб меёбад.

Аммо баъди ифтитоҳи муҷассама осорхона каме кор карда, сипас тамоман баста шуд ва тӯли ин солҳо кор намекард.

Сабаби кор накардани онро давоми ин солҳо на дар Вазорати фарҳанг ва на дар шаҳрдории пойтахт шарҳ надоданд.

Нақшаи тармим аз ҷониби ширкати “Саноатсоз” лоиҳакашӣ шуда, таъмири онро ҶСК “Меъмор ва сохтмон” ба уҳда гирифтааст. Интизор меравад, ки таъмир дар муҷассама то охири моҳи марти соли 2023 давом ёбад.

Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 ба муносибати таҷлили 1100-солагии ҷашни давлати Сомониён дар қисмати марказии Душанбе – майдони “Дӯстӣ” боз шуд.

Баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ – 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷтамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тилоӣ (диаметраш 5 метр) оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 м аст. Аз ду ҷониби муҷассама тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.