Хости Толибонро ба Душанбе мерасонад. Кори сафорати Тоҷикистон дар Кобул қатъ нашудааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи гурӯҳи Толибон* дар моҳи августи соли гузашта, аксари сафоратхона ва консулгариҳои давлатҳои ҷаҳон фаъолияти худро дар ин кишвар қатъ карданд. Дар баробари ин, сафорату консулгариҳое низ ҳастанд, ки бо вуҷуди эътироф накардани ҳукумати сарпарасти Толибон аз сӯи кишварҳои хеш дар Афғонистон кор мекунанд. Тоҷикистон яке аз чунин давлатҳо мебошад.

Тоҷикистон ягона ҳамсояи Афғонистон аст, ки баъди ғасби қудрат аз ҷониби Толибон бо онҳо ҳеҷ робитаи расмӣ надорад. Душанбеи расмӣ ҳамеша таъкид намудааст, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати ҳамашумул бо назардошти манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва халқиятҳо ташкил карда шавад. Ҳамчунин, риояи ҳуқуқи инсон низ аз хостаҳои Тоҷикистон аст.

Ин мавқеи устувори Тоҷикистон боиси эътирозҳои мақомдорони Толибон гардида, онҳоро маҷбур кардааст, ки дар сатҳу мақомҳои гуногун алайҳи Тоҷикистон ҳарфҳои таҳдидомез ва хашин гӯянд.

Ҳамин тавр, вазъи миёни Тоҷикистон ва Афғонистони аҳди Толибон шиддатнок ва ҳассос боқӣ мемонад. Новобаста ба ин, сафоратҳову консулгариҳои ҳарду давлат ба фаъолияти худ идома медиҳанд ва расман баста нашудаанд.

Бо назардошти норӯшаниҳо “Азия-Плюс” доир ба фаъолияти сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон пурсон шуд.

Пас аз талошҳои зиёд аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “сафорати  Тоҷикистон дар Афғонистон дар шакли маҳдуд фаъолият дорад”.

Дар ин инҳод аз шарҳи бештари масъала, аз ҷумла тафсири “шакли маҳдуди фаъолият” худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, як корманди масъули сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон зимни суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, “сафир бо ҷамъе аз кормандони бахшҳои дигар дар Тоҷикистон қарор дорад ва дар сафорат танҳо чанд нафар ҳастанд, ки ба таври маҳдуд кор мекунанд”.

Ин масъули сафорат гуфт, онҳо мисли пештара дар тамоми бахшҳо фаъолият намекунанд.

“Мо муроҷиатҳоро баррасӣ мекунем, дар ҳамоҳангӣ иҷро мекунем. Бештар шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, барга ва варақаҳои баргашт мепурсанд. Хуллас, ба он дархосту номаҳое, ки пешниҳод мекунанд, расидагӣ мекунем, тамом”, – гуфт ин масъули сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон.

Вай гуфт, онҳо ҳамчунин бо сафоратхонаҳои кишварҳои дигар, ки ҳоло дар Афғонистон фаъол ҳастанд, ҳамкорӣ мекунанд.

Ин масъули сафорат, ки нахост аз ӯ ном барем, афзуд, бо вуҷуди он ки бо ҳукумати сарпарасти Толибон ҳамкорӣ надоранд, вале аз сӯи намояндагони ҳукумати сарпараст ба онҳо муроҷиатҳо мешавад ва намояндаи сафорати Тоҷикистон муроҷиати онҳоро ба марказ (Тоҷикистон дар назар аст, -муаллиф) мерасонанд ва тасмимро марказ мегирад.

Фаъолияти маҳдуди сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳолест, ки сафорати ҳукумати қаблии Афғонистон низ то ба ҳол дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва баъзан ҳамоишу нишастҳое ҳам бо ширкати чеҳраҳои сиёсату адаби Афғонистон ва афғонҳои муқими Тоҷикистон баргузор мекунад.

Ҳамчунин, Тоҷикистон борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба барои расонидани кӯмак тавассути имкониятҳои логистикии худ ба Афғонистон, пешниҳод кардааст.

Дар ҳамин ҳол, фурӯши барқ ва бархе аз иртиботҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон  ҷой дорад ва коршиносон инро на ҳамкорӣ бо ҳукумати сарпарасти Толибон, балки кӯмак ё ҳамкорӣ бо мардуми ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати Толибон 15-уми августи соли 2021 Афғонистонро пурра зери итоати худ гирифт, аммо вилояти Панҷшер, таслим нашуд. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ зери роҳбарии фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмад Масъуд ташкил гардид ва ба муқовимат оғоз намуд.

Ду ҳафта пештар дар Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки бори аввал берун аз Афғонистон баргузор мешавад, гузашт. Дар он ба ғайр аз чеҳраҳои матраҳи ҳукумати собиқи Афғонистон, коршиносон, сиёсатмадорон ва намояндагони созмонҳои хориҷиву давлатӣ, инчунин Аҳмад Масъуд низ ширкат ва суханронӣ кард. Ӯ гуфт, “имрӯз Афғонистон макони омӯзиш ва сарбозгирӣ барои террористони минтақавӣ ва байналмилалӣ ва як зиндони калон барои мардуми мусалмон ва мазлуми Афғонистон шудааст”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.