Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд

Date:

Сокинони Тоҷикистон субҳи имрӯз заминларзаро эҳсос намуданд. Соати 06:50 дақиқа замин такон хӯрд.

Бино ба маълумоти Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 14 километрии ҷануби Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ будааст.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он ба мисли Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст. Дар бораи талафоти ҷониву харобиҳо маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Маркази мониторинги сейсмикии КҲФ Ӯзбекистон ҳамчунин дар бораи заминҷунбӣ дар ҳамин вақт хабар медиҳад. Аммо тибқи маълумоти ин манбаъ, маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон дар умқи 15 км воқеъ буда, қувваи заминларза дар марказ 4 балл будааст.

Дар ҳамин ҳол, зилзилашиносони Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки соати 07:05 дақиқа замин боз каме такон хӯрд (афтершок). Марказаш низ қариб дар ҳамон ҷо воқеъ буда, лекин умқи он 209 км-ро ташкил додааст.

Қаблан, рӯзи 8 декабр дар қаламрави ВМКБ-и Тоҷикистон ҳодисаи заминларза сабт шуд. Марказаш ноҳияи Шуғнон каме дуртар аз деҳаҳои Барсем ва Колхозобод арёбӣ шуд.

Қувваи ин заминларза 4 баллро ташкил дода, умқи дар масофаи 180 км қарор доштааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...