Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Покистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Покистон меравад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти президент. Сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар рӯзҳои 14-15 декабр баргузор мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон ва намояндагони воломақоми сенати ин кишвар дидору гуфтушунид мекунад. “Ҷонибҳо дурнамои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Покистон меравад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти президент.

Сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар рӯзҳои 14-15 декабр баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон ва намояндагони воломақоми сенати ин кишвар дидору гуфтушунид мекунад.

“Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ ба энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд”, – хабар доданд дар хадамоти матбуот.

Зикр шуд, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳо баррасии масоили амният дар минтақа, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли гузашта ба Покистон ташриф оварда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.