Зукоми хук ё COVID-19? Вазорати тандурустӣ расман шарҳ дод

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти номи беморони H1N1-09 ё зукоми хук дар кишвар хабар медиҳад, аммо дар ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин зукоми мавсимӣ буда, боиси нигаронӣ нест.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт: “Аз соли 2010 зукоми А – H1N1-09 ё зукоми хук дар ҳама гӯшаву канори дунё паҳн шуда, аллакай ба зукоми мавсимӣ табдил ёфтааст”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бақайдгирии беморон идома дорад ва тибқи омор, ҳеҷ гуна нигаронӣ вуҷуд надорад.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои паҳншавии зукоми А (H1N1 ва H3N2) ва В бештар ба қайд гирифта мешаванд.

Вазорати тандурустӣ бо вуҷуди шабеҳ будани усули муолиҷа барои ҳама навъҳои зуком тавсия медиҳад, ки ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд, балки ба мутахассисон муроҷиат намоянд.

“Дар ҳолати якбора баланд шудани ҳарорати бадан – аз 38,0 то 40-41 дараҷа, заъфи шадиди умумӣ ё дарди мушакҳо ва буғумҳо, шумо бояд ба мутахссиси тиббӣ муроҷиат кунед ё духтурро ба хона даъват кунед”, – мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.

COVID-19 нест?

Дар ҳамин ҳол, сокинон аз эҳтимоли авҷи бемории COVID-19 ё коронавирус дар кишвар шикоят мекунанд, аммо дар ин замина ҳеҷ далеле мавҷуд нест. Вазорати тандурустии кишвар ҳарчанд авҷи ин беморӣ дар кишварҳои ҳамсояро тасдиқ мекунад, таъкид мекунад, ки “дар Тоҷикистон беш аз 9 моҳ аст, ки мавориди гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст, вале барои пешгирии беморӣ эмкунӣ дар кишвар то ҳол идома дорад”.

Дар робита ба афзоиши беморӣ дар кишварҳои ҳамсоя Вазорати тандурустӣ ва ҳизфи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 2-юми декабр иттилоъ дод, ки тафтиш дар марз ва фурудгоҳи кишварро пурзӯр кардааст.

Он замон Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ҳарорати мусофирон дар фурудгоҳ ва дигар нуқтаҳои убури сарҳад санҷида мешавад. Ҳамчунин, бо онҳое, ки сарҳадро убур мекунанд, оид ба ин беморӣ суҳбат гузаронида мешавад.

Дар мактабҳо карантин ҷорӣ нахоҳад шуд

Дар Қирғизистон дар пасманзари афзоиши бемории зуком ва ба далели вазъи эпидемиологӣ, мақомот 204 мактабро барои карантин бастаанд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, тақрибан 70 дарсади ҳамаи беморон кӯдакони то 14-сола мебошанд.

Аммо вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳеҷ асос барои эълони карантин дар муассисаҳои таҳсилотӣ вуҷуд надорад, чун ин беморӣ дар кишвар зиёд нест. Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, дар муассасаҳои таълимӣ замоне карантин эълон мешавад, ки 50 дарсади хонандагон ба дарс ҳозир нашаванд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон як ваксинаи зидди зуком харидорӣ намудааст, ки табибон эм карда мешаванд, чун онҳо осебпазиртарин табақаи аҳолӣ мебошанд, ки бо ҳар бемор дар робита ҳастанд.

“Барои тамоми аҳолӣ то ҳол ваксина ба даст наовардаем. Аз бемории зуком бошад ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст”, – қайд кард мутахассис.

Ҳамзамон, дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ба беморон тавсия медиҳад, ки ҳангоми бемории зуком ниқоб пӯшанд, то ба наздикони худ ва дигарон сироят накунанд.

Аломатҳои сирояти вируси A/H1N1

Аломатҳо тақрибан ба дигар намудҳои зуком монанданд. Дар байни нишонаҳои асосии беморӣ:

– тасби бадан

– резиши оби бинӣ

– сурх шудани гулӯ, арақ ё дарди гулӯ

– сулфаи хушк бо дарди қафаси сина

– эҳсоси дард дар бадан

– хастагӣ, заифӣ

– тапиши тези дил (тахикардия)

– дарди сар

– дард ва сӯзиш дар гавҳаракҳои чашм, фотофобия, сурхии склера

– хунравӣ аз бинӣ

– хоболудӣ, бехобӣ

Хусусияти хоси зукоми хук ин нороҳатии шикам, варам ва дарунравӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...