Суғд: 4 ҳазор ноболиғи ятиму нимаятим дар пайи пошхӯрии оилаҳо

Бино ба иттилои Меҳрубон Фармонзода, Сардори шӯъбаи асноди ҳолати   шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 259 адад зиёд мебошад. Ба гуфтаи ин масъул, аз теъдоди умумии оилаҳои пошхӯрда 2793 ададаш бо қарори суд ҷудо шудаанд. Меҳрубон Фармонзода гуфт, ки сабабу омилҳои ҷудошавии оилаҳо зиёданд ва дар баъзе маврид […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Бино ба иттилои Меҳрубон Фармонзода, Сардори шӯъбаи асноди ҳолати   шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 259 адад зиёд мебошад.

Ба гуфтаи ин масъул, аз теъдоди умумии оилаҳои пошхӯрда 2793 ададаш бо қарори суд ҷудо шудаанд. Меҳрубон Фармонзода гуфт, ки сабабу омилҳои ҷудошавии оилаҳо зиёданд ва дар баъзе маврид сабабҳо норушан боқӣ мемонанд.

Дар натиҷаи пошхӯрии оилаҳо дар вилояти Суғд 3826 ноболиғ аз парастории як тараф маҳрум мондааст, яъне ятим ё нимаятим шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола кормандони МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кор бо занон ва корҳои дохила барои кам кардани теъдоди ҷудошавии оилаҳо корбариҳо мекунанд.

Ҳамасола Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд   оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва дигар қонунҳои марбут ба масоили оилавӣ, занону бонувон ва таълиму тарбияи фарзандон силсилаи мулоқоту вохӯриҳо дар минтақаҳои мухталифи вилоят мегузаронад.

Аммо  аз омори  пошхӯрии оилаҳо дар вилоят бармеояд, ки вохӯрӣ, чорабинӣ, насиҳаткунӣ ва дигар корҳое, ки сохторҳо доир менамоянд, натавонистааст натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Айни дар самти пошхӯрии оилаҳо дар вилоти Суғд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи аввал меистад. Дар ин ноҳия, давоми 11 моҳ 595 оила барҳам хӯрдааст. Баъди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳри Хуҷанд-388 адад  ва сеюм шаҳри Конибодом-376 адад шаҳрҳои осебпазир бобати ҷудошавии оилаҳо арзёбӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.