Сафорат ҷасади модару духтари фавтидаро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади Шоира Раҳимқулова, муҳоҷири 23-солаи тоҷик ва духтари чорсолаи ӯро, ки як ҳафта пештар дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидаанд, ба ватан интиқол медиҳад. Як намояндаи сафорат дар суҳбати катбӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо бо мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ қарор доранд ва ин қазияро аз рӯзҳои […]

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади Шоира Раҳимқулова, муҳоҷири 23-солаи тоҷик ва духтари чорсолаи ӯро, ки як ҳафта пештар дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидаанд, ба ватан интиқол медиҳад.

Як намояндаи сафорат дар суҳбати катбӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо бо мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ қарор доранд ва ин қазияро аз рӯзҳои аввал пайгирӣ доранд.

Ба гуфтаи манбаъи мо, дар интиқоли ҷасад мушкилӣ танҳо дар он буд, ки “хешовандони наздики фавтидагон дар Федератсияи Русия қарор надоштанд ва ба таври маълум, ҷасадҳо танҳо ба хешовандони наздик супорида мешаванд”

Онҳо гуфтаанд, аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан сурат гирифта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми декабр Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз марги  се шаҳрванди  Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ дар як хонаи истиқоматӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, ки ҳодисаи 13-уми декабр, дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав рух дода, фавтидагон ду калонсол ва як кӯдак будаанд.

Баъдан маълум гардид, ки онҳо Шоира Раҳимқулова ҳамроҳи Умигулсун Пирхонова, духтари чорсолааш ва Далер ном муҳоҷири дигари тоҷик будаанд, ки дар яке аз хонаҳои сарватманди чинӣ кор мекарданд. 

Қаблан, Парвина Абдуллоева, духтари холаи Шоира дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Русия касе надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр ҷасадҳоро аз сардхона (МОРГ) гирифта ба ватан фиристанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.