Кушта шудани қумандонҳои Толибон ва Ҷабҳа. Дар Бағлон ҷангҳои шадид идома дорад

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Расонаҳои маҳаллӣ аз шиддат гирифтани даргириҳо миёни  Толибон* ва неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Андаробҳои вилояти Бағлон хабар медиҳанд.

Ба иттилои манобеъ, даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳа аз шаби гузашта, 26-уми декабри соли 2022, то ҳол дар рустоҳои Тағонак, Хаҷ ва Боғдараи Андаробҳои вилояти Бағлон ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, дар ин даргириҳо ҳар ду тараф талафот додаанд, аммо рақами дақиқи он маълум нест.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шаби 26-уми декабр дар баёнияе дар Фейсбук навиштааст, ки шуморе аз афроди Ҷабҳа, аз ҷумла чанд фармондеҳро дар роҳи дифоъ аз озодӣ аз даст доданд. Аҳмад Масъуд дар идома гуфтааст, аз мубориза даст намекашанд ва роҳи онҳо идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар сафҳаи файсбукиаш аз ақиб задани чандин ҳамлаи Толибон бар посгоҳҳои ин ҷабҳа дар Андаробҳо хабар додааст.

"Аз дирӯз субҳ душман аз се тараф, аз минтақаи Хуҷи шаҳристони Буну, Кундӣ, Камарсафед ва Боғдараи пули ҳисор бо лашкаркашии азим аз замин ва ҳаво ба қароргоҳҳо ва маркази фармондеҳ Хайрмуҳаммади Хайрхоҳ ҳамла карданд", – навиштааст Аҳмадӣ.

Сухангӯйи Ҷабҳа дар идома навиштааст, ки бо истодагии неруҳои Ҷабҳа ва дар пайи талафоти сангин ҷангҷӯёни Толибон ақиб нишастанд.

Ӯ ҳамчунин тазаккур додааст, ки Хайрмуҳаммади Хайрхоҳ Андаробӣ ва Ғозӣ Муродӣ, фармондеҳони нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Андаробҳои Бағлон дар пайи ин даргириҳо ба ҳалокат расиданд.

Расонаҳои ҳамчунон менависанд, ки дар ин даргириҳо Толибон низ талафоти сангине додаанд.

Толибон то кунун дар робита ба ин даргириҳо расман чизе нагуфтаанд.

Бояд гуфт, ки ин нахустин даргирӣ пас аз таваққуфи якмоҳа бо шурӯъи сардӣ дар Андаробҳои Бағлон аст, ки аз рӯзи гузашта ба ин сӯ шиддат гирифтааст.

Куштори қумандони Толибон

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “8-и субҳ” менависад, ки қумандони амнияти Толибон дар вилояти Бадахшон дар пайи инфиҷори мошини бомбагузорӣ шуда, кушта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, як мошини бомбгузоршуда субҳи рӯзи душанбе, 26-уми декабр, Абдулҳақ Умар, қумандони амнияи Толибон дар Бадахшонро ҳадаф қарор додааст.

Ин рӯйдод дар наздикии қумандони амнияти Толибон дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, рух додааст.

Дар ин ҳодиса ба шумули қумандони амнияи Толибон дар Бадахшон 3 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. Шоҳидони ҳодиса аз кушта шудани ғайринизомиён низ дар ин рӯйдод хабар додаанд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар мавриди ҳамлаи инфиҷорӣ дар Бадахшон гуфта, ки ихтилофоти дохилии Толибон, иллати вуқӯъи ин рӯйдод будааст.

Пеш аз ин низ масъулони маҳаллии Толибон дар Бадахшон дар рӯйдодҳои мушобеҳ кушта ва ё захмӣ шуда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...