Муҳлати амали иҷозатномаи ду низоми пардохт дар Тоҷикистон ба охир расид

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаҳои ду низоми пардохт – MoneyGram Payment Systems, Inc. ва БЭСТ хабар медиҳад. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатнома фаъолияти MoneyGram Payment Systems, Inc. (МаниГрам Пеймент Системс, Инк) қатъ мешавад. Бо ҳамин сабаб амали иҷозатномаи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаҳои ду низоми пардохт – MoneyGram Payment Systems, Inc. ва БЭСТ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатнома фаъолияти MoneyGram Payment Systems, Inc. (МаниГрам Пеймент Системс, Инк) қатъ мешавад.

Бо ҳамин сабаб амали иҷозатномаи ширкати “БЭСТ”, ки моҳи августи соли 2019 дода шудааст, низ қатъ мегардад.

Дар ин робита, идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабтҳои дахлдорро ворид намояд.

Мувофиқи маълумоти БМТ, то ин дам дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ 17 номгӯй зикр шуда буд. Акнун шумори онҳо 2 адад кам мешавад, яъне 15 ададро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар кишвар 4 низоми пардохти ватанӣ (Корти милли, Осон, Атласпэй, ExpressPay) амал карда, боқимонда – низомҳои байнулмилалии пардохтӣ, аз ҷумла Western Union, Visa, Mastercard, CONTACT, Юнистрим UnionPay, MoneyGram, БЭСТ мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.