Кумаки якдафъаина барои 475 ҳазор нафар камбизот. Барои як нафар 600 сомонӣ дода мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати тахминии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба онҳо кӯмаки якдафъаина расонида мешаванд, тасдиқ шудааст.

Дар санад, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ба афроди мансуб ба ин табақаҳои осебпазир дар ҳаҷми як ҳадди ақалли музди меҳнат кӯмаки яквақта дода мешавад.

Қарорро раиси ҳукумати Тоҷикистон 9 декабри соли ҷорӣ имзо кардааст.

Ҳадди ақали музди меҳнати ҳозир 600 сомонӣ ($59) аст.

Рӯйхати ба қарор замимашуда дар умум, тақрибан 475 ҳазор нафарро фаро мегирад, ки ба онҳо кӯмаки якдафъаина расонида мешавад.

Аз ҷумла, ҳудуди 66,7 ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, қариб 106 ҳазор нафар маъюбон, зиёда аз 81 ҳазор нафар кӯдакони ятим ва онҳое, ки парасторони худро гум кардаанд, 870 нафар кӯдакони маъюби то 16-сола, зиёда аз 220 ҳазор нафар шаҳрвандони камбизоат (оила) ва 539 нафар гурезаҳои камбағал чунин навъи кӯмакро дастрас карда метавонанд.

Дар эзоҳи қарор таъкид мегардад, ки теъдоди гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ то 1-уми июли соли 2022 муайян гардида, метавонад тағйир ёбад.

Дар асоси ин қарор, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки барои пардохти кумаки якдафъаина ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ маблағи зарурӣ ҷудо кунад.

Ҳамчунин, дигар вазорату идораҳои масъул ӯҳдадор мешаванд, ки маблағҳои ҷудошударо тавассути БДА «Амонатбонк» тибқи тартиби муқарраргардида пардохт намоянд.

Пардохт ба кортҳои пардохтии бонкӣ сурат мегирад ва ба шахсоне, ки чунин корт надоранд, бо пули нақд дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...