Кумаки якдафъаина барои 475 ҳазор нафар камбизот. Барои як нафар 600 сомонӣ дода мешавад

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати тахминии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба онҳо кӯмаки якдафъаина расонида мешаванд, тасдиқ шудааст. Дар санад, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ба афроди мансуб ба ин табақаҳои осебпазир дар ҳаҷми як ҳадди ақалли музди меҳнат кӯмаки яквақта дода мешавад. Қарорро раиси ҳукумати Тоҷикистон 9 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати тахминии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба онҳо кӯмаки якдафъаина расонида мешаванд, тасдиқ шудааст.

Дар санад, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ба афроди мансуб ба ин табақаҳои осебпазир дар ҳаҷми як ҳадди ақалли музди меҳнат кӯмаки яквақта дода мешавад.

Қарорро раиси ҳукумати Тоҷикистон 9 декабри соли ҷорӣ имзо кардааст.

Ҳадди ақали музди меҳнати ҳозир 600 сомонӣ ($59) аст.

Рӯйхати ба қарор замимашуда дар умум, тақрибан 475 ҳазор нафарро фаро мегирад, ки ба онҳо кӯмаки якдафъаина расонида мешавад.

Аз ҷумла, ҳудуди 66,7 ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, қариб 106 ҳазор нафар маъюбон, зиёда аз 81 ҳазор нафар кӯдакони ятим ва онҳое, ки парасторони худро гум кардаанд, 870 нафар кӯдакони маъюби то 16-сола, зиёда аз 220 ҳазор нафар шаҳрвандони камбизоат (оила) ва 539 нафар гурезаҳои камбағал чунин навъи кӯмакро дастрас карда метавонанд.

Дар эзоҳи қарор таъкид мегардад, ки теъдоди гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ то 1-уми июли соли 2022 муайян гардида, метавонад тағйир ёбад.

Дар асоси ин қарор, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки барои пардохти кумаки якдафъаина ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ маблағи зарурӣ ҷудо кунад.

Ҳамчунин, дигар вазорату идораҳои масъул ӯҳдадор мешаванд, ки маблағҳои ҷудошударо тавассути БДА «Амонатбонк» тибқи тартиби муқарраргардида пардохт намоянд.

Пардохт ба кортҳои пардохтии бонкӣ сурат мегирад ва ба шахсоне, ки чунин корт надоранд, бо пули нақд дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.