Афзоиши азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон ба бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар Русия марбут аст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли 2022 дар Тоҷикистон 13 ҳазор ҳолати бекор шудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки 162 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода изҳор дошт, ки сабабҳои азҳампошии оилаҳо гуногунанд, аз ҷумла мушкилоти маишиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, нофаҳмиву ихтилофҳо дар оила ва дигар сабабҳо.

“Саабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани шавҳарон мебошад, яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд, – шарҳ дод раиси Кумита. – Ин никоҳҳои қалбакӣ омори расман бекоршавии ақди никоҳҳоро зиёд мекунанд”.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, аз ҷумла хабар дод, ки Кумита дар ин бора аз вилояти Хатлон, водии Рашт ва ВМКБ маълумоти дахлдор ҷамъоварӣ кардааст.

“Тавре ки маълум шуд, соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт – 103 ҷуфт ва ноҳияи Ванҷ – 31 ҷуфт ақди никоҳашонро бекор кардаанд”, – изҳор дошт роҳбари Кумита.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли ҷорӣ ВКД Русия тасмим гирифта буд, ки ду роҳи аслии қонунӣ кардани мақоми муҳоҷиронро дар кишвар рафъ кунад. Намояндаи расмии ин ниҳод Ирина Волк хабар дод, ки айни замон вазорат лоиҳаи қонуни федералиро таҳия кардааст, ки ба такмили қонунгузории муҳоҷират дар самти рафъи истифодаи ақди никоҳи қалбакӣ ва муқаррар кардани падарии қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд барои ғайриқонунӣ гирифтани мақоми муҳоҷират дар қаламрави Русия равона шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ мақомоти марбутаи ВКД Русия ҳудуди 400 санади иҷозатномавии қаблан ба шаҳрвандони хориҷӣ додаро барои иқомат дар Русия, ки қалбакӣ дониста шудаанд, бекор кард.

Қонуни амалкунанда "Дар бораи шаҳрвандии Русия" пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд барои қабули соддакардашуда ба шаҳрвандии ин кишвар муроҷиат кунанд, агар онҳо бо шаҳрванди Русия на камтар аз се сол издивоҷ карда бошанд ё фарзанди умумӣ дошта бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...