Дар Русия лоиҳаи қонун дар бораи манъи издивоҷи қалбакии муҳоҷирон омода гардид

Вазорати корҳои дохилии Русия тасмим гирифт, ки ду воситаи асосии қонунигардонии мақоми худро барои муҳоҷирон дар Русия бартараф кунад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба намояндаи расмии вазорат Ирина Волк иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, айни замон аз ҷониби Вазорат лоиҳаи қонуни федералӣ таҳия шудааст, ки ба такмили қонунгузории муҳоҷират дар самти аз […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Русия тасмим гирифт, ки ду воситаи асосии қонунигардонии мақоми худро барои муҳоҷирон дар Русия бартараф кунад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба намояндаи расмии вазорат Ирина Волк иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон аз ҷониби Вазорат лоиҳаи қонуни федералӣ таҳия шудааст, ки ба такмили қонунгузории муҳоҷират дар самти аз байн бурдани истифодаи издивоҷҳои қалбакӣ ва муайян кардани ҳаққи падарӣ барои дарёфти ғайриқонунии мақоми муҳоҷират аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Русия нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, лоиҳаи қонуни мазкур дар ҳоли баррасӣ ва мувофиқа байни вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, зикр шудааст, ки дар зарфи 11 моҳи соли 2022 сохторҳои дахлдори ВКД Русия ҳудуди 400 санади иҷозатномаи иқомат дар Русияро, ки қаблан ба шаҳрвандони хориҷӣ дода шудааст, бекор карданд.

Ин санадҳо беэътибор дониста шуданд.

Қонуни амалкунанда "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" пешбинӣ мекунад, ки хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қабули соддашудаи шаҳрвандии ин кишвар дар ҳолате довталабӣ карда метавонанд, ки бо шаҳрванди Русия ба муҳлати на камтар аз се сол дар издивоҷ қарор дошта бошанд ё фарзанди умумӣ дошта бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио