Додситони кулли собиқ дар Ӯзбекистон шартан озод шудааст

Додситони кулли собиқ дар Ӯзбекистон, Рашид Қодиров, ки соли 2019 ба соли зиндон маҳкум шуда буд, шартан озод карда шудааст. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, хабари шартан ба озодӣ баромадани Рашид Қодировро ду манбаи мустақил дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Абдураҳмон Ташанов, раиси ҷамъияти ҳуқуқи башари “Эзгулик” тасдиқ кардаанд. […]

Додситони кулли собиқ дар Ӯзбекистон, Рашид Қодиров, ки соли 2019 ба соли зиндон маҳкум шуда буд, шартан озод карда шудааст. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, хабари шартан ба озодӣ баромадани Рашид Қодировро ду манбаи мустақил дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Абдураҳмон Ташанов, раиси ҷамъияти ҳуқуқи башари “Эзгулик” тасдиқ кардаанд.

Дар хусуси бо чӣ шарт ва кай озод шудани Додситони кулли собиқ иттилоъ дода намешавад.

Рашид Қодиров яке аз мансабдорони пурнуфуз ва калидӣ дар ҳукумати Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон буд. Ӯ соли 1993 ба вазифаи муовини Додситони кулл таъйин гардида, то соли 2000-ум дар ин вазифа кор кардааст. Соли 2000-ум Додситони кулли Ӯзбекистон таъйин мешавад ва 15 сол дар ин мансаб фаъолият мекунад.

Соли 2015 ба истеъфо фиристода мешавад. Моҳи феврали соли 2018 ӯ боздошт гардид.

Моҳи майи соли 2018 президенти тозаинтихоб Шавкат Мирзиёев зимни як мулоқоти худ бо фаъолони вилояти Андиҷон аз Додситони кулли собиқ интиқод кард ва гуфт, ки “Прокурори генералӣ бо дастаи худ дар маҳбас нишастааст. Миллионҳо ва миллионҳо долларро бармегардонанд”.

Пас аз ин, 26 июни соли 2019 Додгоҳи шаҳри Тошканд собиқ Додситони кулл Рашид Қодировро дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, тибқи як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон ва ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маҳкум намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол дар Ӯзбекистон чандин генерал ва мансабдорони сатҳи баланд дар ҳабс қарор доранд.

Аз ҷумла, Ихтиёр Абдуллоев, собиқ роҳбари Хадамоти амнияти миллӣ (СНБ) ва муовини ӯ Ҷаҳонгир Эгамов барои 19 солӣ, Отабек Муродов, собиқ Додситони кулл барои 5 сол равонаи зиндон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.