Аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Онҳо кистанд?

Тавре яке аз кормандони Иттифоқи нависандагон иттилоъ додааст, дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди адабӣ, шоир Искандари Раҳмон, нависанда ва публисист Холиқназар Ҷумъазода, нависандагон Шоҳмансури Шоҳмирзо, Таҳминаи Эмин ва Муҳаббати Юсуф ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосии адабӣ дар кишвар аст, ки бештари шоирону нависандагон сайёъ мекунанд, узви […]

Тавре яке аз кормандони Иттифоқи нависандагон иттилоъ додааст, дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди адабӣ, шоир Искандари Раҳмон, нависанда ва публисист Холиқназар Ҷумъазода, нависандагон Шоҳмансури Шоҳмирзо, Таҳминаи Эмин ва Муҳаббати Юсуф ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосии адабӣ дар кишвар аст, ки бештари шоирону нависандагон сайёъ мекунанд, узви он бошанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки атрофи узвияти адибон дар ин созмон баҳсҳо ҳамеша зиёд будааст. Чанд сол пеш роҳбарияти Иттифоқи нависандагон масъалаи “аз сафи аъзои ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфӣ”-ро шурӯъ кард, ки дар натиҷа, чанде аз шоирону нависандагон аз аъзогии ин созмон хориҷ карда шуданд.

Гуфта шуд, ки чунин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ ва камҳунар, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст. Ин тасмим як баҳси тундеро миёни адибон ба бор овард ва бештари адибон онро кори нодуруст унвон карданд.

Бо ин вуҷуд ҳамасола шумораи зиёди шоирону нависандагон, махсусан ҷавонон ба узвияти ин созмон пазируфта мешаванд. Охири моҳи декабри соли 2021 Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Дар баробари ӯ шоирон Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар (Лолаи Саидакбар), Абдуманнони Хаммор (Абдуманнон Одинаев), нависанда Шоҳбегим ва тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод ба сафи аъзои нав Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайвастаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.