Наҷотдиҳандагони тоҷик дар зарфи 18 соати ҷустуҷӯ 31 ҷасадро аз зери харобаҳо берун гирифтанд

Дастаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон корҳои худро дар яке аз қитъаҳои душвори оқибатҳои заминларза дар Туркия – Қаҳрамонмаръаш идома медиҳад. Шабонарӯзи гузашта дар муддати 18 соати амалиёти ҷустуҷӯ имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 31 ҷасадро дарёфт ва берун гирифтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Аз оғози корҳои наҷотбахшӣ ба гурӯҳи имдодгарони тоҷик муяссар […]

Asia-Plus

Дастаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон корҳои худро дар яке аз қитъаҳои душвори оқибатҳои заминларза дар Туркия – Қаҳрамонмаръаш идома медиҳад.

Шабонарӯзи гузашта дар муддати 18 соати амалиёти ҷустуҷӯ имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 31 ҷасадро дарёфт ва берун гирифтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Аз оғози корҳои наҷотбахшӣ ба гурӯҳи имдодгарони тоҷик муяссар шуд, ки 109 ҷасадро дарёфт ва берун гиранд. Дар ин муддат ба онҳо ҳамчунин муяссар шуд, ки аз зери тӯдаи оҳану хокпора одамони зиндаро наҷот диҳанд. Танҳо дар зарфи ду рӯз имдодгарони тоҷик се нафарро зинда наҷот доданд, ки ду нафарашон кӯдакони хурдсол мебошанд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар мавзеъҳои таърихии Қаҳрамонмаръаш қариб ягон бинои бутун боқӣ намондааст.

Тибқи маълумоти расмии ахир, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия ба зиёда аз 37 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.