ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаи таъмини кӯдаку модар бо ғизоро роҳандозӣ мекунад

Варақаи иттилоотӣ

Дар Тоҷикистон, новобаста аз пешрафти устувор дар афзоиши иқтисод ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, камғизоӣ дар ҳамаи шаклҳояш ва байни тамоми қишрҳои ҷомеа муаммои муҳими тандурустии ҷомеа боқӣ мемонад. Мушкилоти қадпастӣ ва лоғарӣ дар кишвар боқӣ мемонад, дар ҳоле ки бемориҳои марбут ба вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ рӯ ба афзоиш доранд, аммо сатҳи норасогии витаминҳо ва маъданҳо бетағйир боқӣ мемонанд. Ҳангоме, ки кӯдакон ва занони осебпазир дар лаҳзаҳои муҳими ҳаёташон, аз қабили ҳомиладорӣ ва ду соли аввали ҳаёти кӯдак, ғизои нокифоя мегиранд, на танҳо саломатӣ ва некӯаҳволии онҳо, балки саломатӣ ва некуаҳволии насли оянда низ зери хатар қарор дорад, ки ин дар натиҷа миллатро зери хатар мегузорад

Бо мақсади ҳал кардани муаммоҳои мазкур ва дастгирӣ намудани Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо бори сегонаи камғизоӣ, ЮНИСЕФ, бо дастгирии молиявӣ USAID, барномаи сесоларо (2023-2025) оид ба васеъ намудани хизматрасонии ғизои модару кӯдак ва нигоҳубини занони ҳомилаю ширмаккон ва кӯдакони то синни панҷсола, парасторон ва аъзоёни оилаи занони ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол, дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, оғоз намуд.

“Танҳо тавассути шарикӣ мо Ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба ғизо ва барҳам додани ҳама гуна камғизоӣ дар кишвар дастгирӣ карда метавонем. Мо ба ҳукумати ИМА, барои ҳамроҳ шудан ба фаъолияти мо ва афзоиш додани талошҳои он баҳри дастгирӣ кардани мо дар самти роҳбарӣ намудани соҳаи ба таври анъанавӣ нокифоя маблағгузоришаванда, ки  унсури муҳими ҳуқуқи кӯдакон ба ғизои кофӣ мебошад, изҳори миннатдории амиқ менамоем”, – қайд намуд Осама Маккав Хогали, Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Барнома ба беҳтар кардани дастрасӣ ва сифати барномаҳои пурсамар дар соҳаи ғизо, барои пешгирӣ ва табобати камғизоӣ дар кӯдакон ва занони ҳомилаю ширмаккон, бо таваҷҷӯҳи хоса ба кӯмаки аввалияи тиббӣ, равона карда шудааст. Ғайр аз ин, он ба тағйироти иҷтимоӣ ва тағйир додани рафтор тавассути чорабиниҳои тарғиботию коммуникатсионии навоварона барои беҳтар кардани ғизои модару кӯдак мусоидат хоҳад кард.

“Дар тамоми ҷаҳон, тақрибан нисфи ҳолатҳои фавти кӯдакони то синни панҷсол,а бо камғизоӣ алоқаманд аст ва дар он кӯдаконе, ки аз камғизоӣ азият мекашанд, паст шудани инкишофи когнитивӣ ва ҷисмонӣ низ мушоҳида мешавад. USAID бо он ифтихор мекунад, ки барои беҳтар кардани ғизои мардуми Тоҷикистон, махсусан дар айёми кӯдакӣ,ки давраи аз ҳама муҳим аст, бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон шарикӣ мекунад”,- гуфт Муовини мудири USAID Изобел Коулман.

Дар се соли оянда, ба туфайли дастгирии саховатмандонаи USAID, ЮНИСЕФ дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шарикони асосӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки 270 000 кӯдаки то синни панҷсола ва 240 000 занони ҳомилаю ширмакконро бо хизматрасонии ғизо ва нигоҳубин тавассути платформаҳои гуногун фаро гирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...