Фавти се ноболиғ аз дуди ангишт дар Исфара

Се ноболиғи 6-сола, 10-сола ва 13-сола дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтидаанд. Дар ин бора Тайибидин Мухамедов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, кӯдакон дар пайи дуди ангишт ба беморхона интиқол наёфта, дар ҷои ҳодиса фавтидаанд. Номбурда афзуд, танҳо модарашон Гулрухсор Яҳёхӯҷаева дар бемористон […]

Се ноболиғи 6-сола, 10-сола ва 13-сола дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтидаанд. Дар ин бора Тайибидин Мухамедов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, кӯдакон дар пайи дуди ангишт ба беморхона интиқол наёфта, дар ҷои ҳодиса фавтидаанд.

Номбурда афзуд, танҳо модарашон Гулрухсор Яҳёхӯҷаева дар бемористон бистарӣ буда, зери табобати духтурон аст ва вазъи саломатиаш вазнин аст.

Азизов Абдухолиқ, роҳбари Кӯмаки аввалият тибии санитарӣ (КАТС)-и шаҳри Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, кӯдакон сокинони ҷамоати деҳоти Навгилем буда, онҳоро 19-уми феврал дар оромгоҳи Тӯхтақули Исфара ба хок супурданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар хонаи модари Гулрухсор Яҳёхӯҷаева, дар деҳаи Чорқишлоқи Исфара рух додааст. Муслиҳиддин, падари хонавода дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар бораи фавти се нобилиғ аз дуди ангишт аввалин шуда Марҳабо Мусодухт, як сокини шаҳри  Исфара дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод ва гуфт, “шаби 19 феврали соли 2023 дар ҷамоати Навгилем се фарзанди хурдсоли як оила, ки 13 сола, 10 сола ва 6 сола буданд, аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд”.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад.

Аз ҷумла шаби 19-уми январ дар деҳаи Гулрези ноҳияи Хуросон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт се нафар ҷон бохтанд.

Ҳамчунин, рӯзи 22-юми январ як зану шавҳари ҷавон дар дохили ҳаммом аз дуди ангишт ҷон доданд.

Дар чунин як ҳодиса дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд марди 80-солае фавтида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.