Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон. Маркази он дар ноҳияи Шуғнон воқеъ буд

Имрӯз, 20-уми феврал, соати 14:45 ба вақти маҳаллӣ, дар Тоҷикистон заминларза сабт шуд. Бино ба иттилоъи Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии кишвар, маркази заминларза дар 288-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 17-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ буд. Дар маркази заминларза қувваи зилзила 3 ​​балл, дар Хоруғ 2 баллро ташкил додааст. […]

Имрӯз, 20-уми феврал, соати 14:45 ба вақти маҳаллӣ, дар Тоҷикистон заминларза сабт шуд.

Бино ба иттилоъи Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии кишвар, маркази заминларза дар 288-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 17-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ буд.

Дар маркази заминларза қувваи зилзила 3 ​​балл, дар Хоруғ 2 баллро ташкил додааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тотористон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки талафот ва хисорот вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия, ки садҳо биноро тахриб карда, ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифт, тобоварии биноҳои нав дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро озмоиш кунад.

Дар ин бора рӯзи 16-уми феврал фармони раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар бораи таъсиси комиссияи вижа ба имзо расид.

Дар фармон, ки дар саҳифаи Кумита дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ки санҷиш дар бинову иншоотҳое, ки дар солҳои 2018-2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд ва ҳамчунин лоиҳаҳои сохтмони дар оянда бунёдшаванда анҷом дода мешаванд.

Санҷишҳо 22-уми феврал оғоз мешаванд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки аз 8-уми феврали соли 2022 то 8-уми феврали соли 2023 дар Тоҷикистон 2165 заминларза рух додааст, ки 9-тои он шиддати беш аз 5 балро доштааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Миёна Қазоқистон аз рӯи шумораи заминларза дар як сол мақоми аввалро соҳиб шудааст: дар ин давра дар онҷо 5 ҳазору 134 заминларза рух додааст (аз он 3-тоаш беш аз 5 бал қувва доштааст), дар ҷои дуюм Ӯзбекистон – 2 ҳазору 320 заминҷунбӣ мебошад (аз он 6-тоаш беҳ аз 5 бал қувва доштааст).

Дар ин муддат дар Қирғизистони ҳамсоя 1881 заминларза (аз он 3-тоаш беш аз 5 бал) ва дар Туркманистон 368 (аз он 1-тоаш беш аз 5 бал) заминларза рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра дар саросари ҷаҳон 64 ҳазору 63 заминларза ба қайд гирифта шудааст (аз он 1839-то бо қувваи беш аз 5 бал аст).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.