Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон изҳори сипос кард

Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон рӯзи 20 феврал дар ҷараёни боздид аз Хатой бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз наздик ошно шуд. “Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар […]

Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон рӯзи 20 феврал дар ҷараёни боздид аз Хатой бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз наздик ошно шуд.

“Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 феврал, пас аз се рӯзи заминларзаи мудҳиш дар Туркия Тоҷикистон 50 наҷотдиҳандаи касбиро ба ин кишвар фиристод. Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин заминларза дар Туркия беш аз 41 ҳазор нафар ва дар Сурия ҳудуди 5,8 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Имдодгарони тоҷик аввал дар вилояти Қаҳрамонмаръаш ба кор пардохта, 18 феврал дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ ба шаҳри дигари Туркия – Хатой рафтанд.

Дар давоми 10 рӯзи корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ имдодгарони тоҷик се нафар – тифли 6-моҳа ва падари ӯ, инчунин писарчаи 3-соларо аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.

Ҳамчунин онҳо ҷасадҳои 214 нафар ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо дарёфт ва берун гирифтанд.

Ба ҷуз имдодгарон, Тоҷикистон ба Туркия ҳудуди 25 тонна кумаки башардӯстона ирсол намуд. Шаҳрвандони қатории Тоҷикистон низ барои кумак ба осебдидагон аз заминларза ба сафорати Туркия дар Тоҷикистон сарулибоси гарм, пойафзол, дорувории тиббӣ, бозичаҳо барои кӯдакон ва дигар лавозимоти зарурӣ оварданд.

Бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Сурия низ дар ҳаҷми 55 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.